Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Мактабхонони Душанбе аз Олимпиадаи байналмилалии Анталия 39 медал ва Ҷом оварданд
Нашр шуд
Муҳассилини макотиби миёнаи пойтахти Тоҷикистон дар як олимпиадаи байналмилалӣ дар Анталияи Туркия соҳиби 39 медал шуданд.
Ба иттилои Сарраёсати маорифи Душанбе, мактабхонони тоҷик дар Олимпидаи байналмилалии Анталия аз фанҳои математика, география, химия, биология ва забонҳои русӣ ва англисӣ 39 медал ба даст оварданд.
Манбаъ гуфтааст, хонандагони мактабҳои Душанбе аз ҷумла, сазовори 10 медали тилло, 12 медали нуқра ва 17 медали биринҷӣ шудаанд.
Ҳамчунин, дастаи муҳассилини тоҷик бо касби бештари мақомҳои ифтихорӣ Ҷоми Олимпиадаи Анталия аз фанни забони англисиро соҳиб гаштаанд.
Олимпиадаи байналмилалии Анталия аз 31-уми октябр то 7-уми ноябр баргузор шуд ва дар он 59 хонандаи мактабҳои шаҳри Душанбе ширкат карданд.
Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки мактабхонони тоҷик барои ширкат дар ин олимпиада дар Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе омодагбӣ мебинанд.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед