Ru  | Tj
Манижа ба марҳилаи охирини озмуни «Евровидение» роҳ ёфт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Манижа ба марҳилаи охирини озмуни «Евровидение» роҳ ёфт
Акс: Интернет

Манижа ба марҳилаи охирини озмуни «Евровидение» роҳ ёфт

Нашр шуд

Намояндаи Федератсияи Русия ба марҳилаи охирини (финали) озмуни «Евровидение-2021» роҳ ёфт.

Даври нимниҳоии аввал шаби сешанбе дар саҳнаи Ahoy дар Роттердам баргузор шуд, ки дар он намояндагони 16 кишвар барои роҳ ёфтан ба марҳалаи ниҳоӣ талош намуданд.

Дар ин ҳунармандон аз Норвегия, Исроил, Озарбойҷон, Малта, Литва, Кипр, Шветсия, Белгия ва Украина низ пас аз натиҷагирии даври нимниҳоии аввал ба марҳилаи ниҳоии озмун роҳ ёфтанд.

Бояд гуфт, ки нимниҳоии дуюм 20-уми май баргузор мешавад, аз рӯи натиҷаҳои он низ 10 нафар иштирокчиён ба марҳилаи ниҳоӣ, ки 22 –уми май баргузор мегардад, роҳ хоҳанд ёфт. Намояндагони кишварҳои «Панҷгонаи бузург»-и «Евровидение» (кишварҳои таъсисдиҳандаи озмун) — Фаронса, Олмон, Италия, Испания ва Британияи Кабир, инчунин як нафар сарояндаи кишвари дар озмуни охирин ғолиб омада - Нидерланд дар марҳилаи ниҳоӣ иштирок мекунанд.

«Евровидение-2021» аз 18 то 22-уми май дар саҳнаи Ahoy дар Роттердам баргузор мешавад. Дар марҳилаи ниҳоӣ, ки рӯзи шанбе доир мешавад, сарояндагон аз 26 кишвар барои ҷои аввал рақобат мекунанд.

Манижа дар ТОП -10-и “Evrovison – 2021” дар ҷойи аввал қарор дорад

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед