Ru  | Tj
Манобеъ: Ашраф Ғанӣ мехоҳад ба Афғонистон баргардад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Манобеъ: Ашраф Ғанӣ мехоҳад ба Афғонистон баргардад
Акс: Sputnik

Манобеъ: Ашраф Ғанӣ мехоҳад ба Афғонистон баргардад

Нашр шуд

Манобеи мӯътамад ба хабаргузории "Пика офтоб" гуфтаанд, ки Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури фирории Афғонистон ният дорад ба Афғонистон баргардад. Манобеъ мегӯянд, ки президенти собиқ то ҳол амнияти худро таъмин накардааст ва талош дорад бо кафолатҳои қавӣ ба кишвар баргардад.

Аммо манобеъ дар бораи замони бозгашти Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ҷузъиёти бештаре надодаанд. Ҳамчунин, маълум нест, ки Толибон* ба раисиҷумҳури фирории Афғонистон кафолатҳои заруриро медиҳанд ё на.

Пеш аз ин Муҳаммад Салом Раҳимӣ раиси дафтари Ашраф Ғанӣ ба Кобул бозгашт ва бо раҳбарони Толибон* аз наздик дидор кард.

Гуфта мешуд, ҷаноби Раҳимӣ баҳри омодасозии фазо барои бозгашти Ашраф Ғанӣ ба Афғонистон омадааст, вале худи ӯ гуфтааст, ки ба ҳайси як шаҳрванд ба ватан бозгаштааст ва ин гӯё ҳақи ӯ мебошад.

*Толибон – Ҳаракати террористӣ


Ашраф Ғанӣ барои фирораш аз мардуми Афғонистон узр пурсид



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед