Ru  | Tj
Мансабдорони Ӯзбекистон ба велосипед мегузаранд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Мансабдорони Ӯзбекистон ба велосипед мегузаранд
Расм аз velogen.ua

Мансабдорони Ӯзбекистон ба велосипед мегузаранд

Нашр шуд

Тавре расонаҳои хабарӣ иттилоъ доданд, аз 1 декабри соли равон ба тамоми кормандони мақомоти давлатӣ ва созмонҳои Ӯзбекистон, инчунин ба роҳбарони вилоятҳо ва вакилон тавсия дода шуд, ки ҳадди ақал як маротиба дар ҳафта барои беҳтар нигоҳ доштани вазъи саломатии худ, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва ҳамчун намунаи ибрат, ба кор бе мошин биёянд.

Чунин гуфта шудааст дар қарори қабулшуда: "Аз 1 декабри соли равон ба ҳама роҳбарони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, инчунин ҳокимон (раисони минтақаҳо) ва муовинони онҳо тавсия дода мешавад, ки дар асоси принсипи "Ибрати шахсӣ", на ҳафтае камтар аз як маротиба бидуни истифодаи мошинҳои хидматӣ биёед ва корро тарк кунед".

Ба ғайр аз ин, то 1 апрели соли 2021 "Долони саломатӣ" барои сайругашт ва велосипедронӣ дар микрорайонҳо, деҳаҳо, ноҳияҳо, шаҳрҳо сохта мешаванд. Ин долонҳо бо аломатҳои манъи таваққуфгоҳ ва монеаҳои махсус муҷаҳҳаз карда мешаванд.

Қарори мазкур дар асоси Фармони Президенти Ӯзбекистон, ки дар охири моҳи октябри соли равон ба имзо расид, "Дар бораи чораҳои васеъ ҷорӣ намудани тарзи ҳаёти солим ва рушди минбаъдаи варзиши оммавӣ", -  таҳия шудааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед