Ru  | Tj
Мансур Умаров: Зиндониён ба сохтмонҳои ҷумҳуриявӣ ва роҳсозӣ ҷалб шуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Мансур Умаров: Зиндониён ба сохтмонҳои ҷумҳуриявӣ ва роҳсозӣ ҷалб шуданд
Акс: infox.ru

Мансур Умаров: Зиндониён ба сохтмонҳои ҷумҳуриявӣ ва роҳсозӣ ҷалб шуданд

Нашр шуд

Беш аз 1000 кас аз миёни маҳкумшудагон ба сохтмонҳои ҷумҳурӣ ва корҳои роҳсозӣ ҷалб гардида, маблағе, ки маҳкумшудагон кор мекунанд, барои ҷуброни молии зарардидагон ва пардохти маош масраф мешавад. Дар ин бора Мансур Умаров, масъули зиндонҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон дар як ҳамоиш хабар дод.

Тибқи иттилои вебгоҳи нашрияи “Садои мардум”, Мансурҷон Умаров зимни суханронӣ дар ин ҳамоиш дар робита ба ҳунаромӯзӣ ва ба кор ҷалб кардани зиндониён гуфт, ки дар айни замон дар муассисаи ислоҳии рақами 2 ҳунаристон фаъолият дошта, дар умум дар намояндагиҳои чунин омӯзишгоҳҳо 1250 нафар маҳкумшуда ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд.

Ҳамчунин, ба гуфтаи вай, пешниҳоди мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ барои кушодани боз чор ҳунаристон дар зиндонҳои шаҳри Ваҳдат, Хуҷанд ва ноҳияи Ёвон мавриди баррасии Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.

Мансур Умаров дар идома афзуд, ки дар муассисаҳои ислоҳии рақами 1 ва 4 бинои коргоҳи дӯзандагӣ бозсозӣ шуда, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин ва барои 120 нафар ҷойи кор муҳайё шудааст.

Масъули зиндонҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон таъкид кард, ки тибқи таҳлилҳо кор дар истеҳсолот барои ислоҳ шудани маҳбусон таъсири мусбат мерасонад.

Аз ҷумла ба гуфтаи вай, агар дар нимсолаи соли гузашта 587 нафар маҳкумшуда аз низоми муассисаи ислоҳӣ ба колонияҳои сукунатӣ гузаронида шуда бошанд, дар ҳамин давраи соли равон ин нишондод то ба 1105 нафар маҳкумшуда зиёд шуд.

Ҳамзамон дар ин ҳамоиш зикр гардид, ки солҳои охир байни маҳкумшудагони муассисаҳои ислоҳӣ сарфи назар аз низомашон мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида шуда, ҳар иштирокдори мусобиқаҳо бо дидори дарозмуддати ғайринавбатӣ (се шабонарӯз) ва 1 соат гуфтугӯи телефонӣ ҳавасманд мешаванд. Мувофиқи таҳлилҳо, ин тадбирҳо натиҷаи хуб доданд, аз ҷумла, дар шаш моҳи аввали соли равон 92 нафар маҳкумшудагон пеш аз муҳлат аз иҷрои ҷазо озод гардиданд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки соли гузашта бори аввал дар байни маҳкумшудагон дар зиндонҳои Тоҷикистон озмунҳои гуногун, аз ҷумла дар партави озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» озмунҳои «Китобхони беҳтарин» ва «Шеъру ғазалсарои беҳтарин» бо риояи қоидаҳои дохилии муассисаҳо гузаронида шуданд.

Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ аз сӯйи кишвардори Тоҷикистон 17 бор қонуни авф ба имзо расида, авф нисбат ба бештар аз 110 ҳазор маҳкумшуда татбиқ гардидааст. Аз ҷумла беш аз 40 ҳазор нафар маҳкумшуда аз идомаи ҷазо озод шудаанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед