Ru  | Tj
Манучеҳр ва Лайло. ФФТ беҳтаринҳои футболи Тоҷикистон дар соли 2021-умро эълон кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Манучеҳр ва Лайло. ФФТ беҳтаринҳои футболи Тоҷикистон дар соли 2021-умро эълон кард
Акс: Хадамоти матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон

Манучеҳр ва Лайло. ФФТ беҳтаринҳои футболи Тоҷикистон дар соли 2021-умро эълон кард

Нашр шуд

Федератсияи футболи Тоҷикистон дар «Кохи Парфенон»-и Душанбе дар як маросими вижа беҳтаринҳои футболи тоҷик дар соли 2021-умро эълон намуд. 

Ба иттилои ФФТ, дар ин маросим, ки рӯзи 25-уми декабр баргузор шуд, аз рӯи панҷ номина, беҳтаринҳои футболи тоҷик муаррифӣ ва бо ҷоизаҳо сарфароз гардонида шуданд. 

Ҳамин тавр, Алишер Ҷалилов, сарбони тими миллии футбол  ва дастаи “Истиқлол”-и Душанбе беҳтарин футболбози сол, Лайло Ҳалимова, беҳтарин бонуи футболбоз ва Эҳсони Панҷшанбе, беҳтарин бозигари тоҷик дар хориҷ аз кишвар дониста шуданд. 
Ҳамчунин, Файзалӣ Сардоров  аз тими «Соро компания” беҳтарин футзалисти сол эълон шуда, Далер Шарипов аз дастаи “Пахтакор”-и Ҷаббор Расулов ҷоизаи “Чеҳраи умедбахш”-ро ба даст овард. 

Бояд гуфт, ки Алишер Ҷалилов, бозигари 28-солаи тими миллии футбол ба бошгоҳи “Истиқлол” ду соли пеш ҳам беҳтарин футболбози Тоҷикистон шуда буд. 

Лозим ба зикр аст, ки дар ин сол Алишер дар ҳайати “Истиқлол” барандаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон, Суперҷоми Тоҷикистон ва ғолиби Қаҳрамонии Тоҷикистон шуд.

Федератсияи футбол Алишер Ҷалиловро яке аз футболбозони таъсиргузори “Истиқлол” дар бозиҳои Лигаи қаҳрамонҳои Осиё унвон кард, ки дар ин сабқат бошгоҳи Душанбе то ба даври 1/8 ниҳоӣ расид. 

Дастаҳои футболи «Истиқлол» ва АГМК-и Ӯзбекистон қувваозмоӣ мекунанд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед