Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Манзараҳои табиии Тоҷикистон дар Осиё беҳтарин шинохта шуданд
Нашр шуд
Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи бонуфуз барои беҳтарин манзараҳои табиии Осиё дар "Top Asia Corporate Ball 2024" гардид. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дод.
Гуфта мешавад, ки ахиран дар чорабинии "Top Asia Corporate Ball 2024" Тоҷикистон бо ҷоизаи бонуфузи сайёҳии «Кишвари дорои манзараҳои беҳтарини табиӣ дар Осиё» сарфароз гардид.
Ин ҷоиза эътирофи байналмилалии манзараҳои афсонавии табиати Тоҷикистонро аз қабили кӯҳҳои Помир ва Фон, кӯлҳои Искандаркӯл ва Қарoкӯл инъикос менамояд. Ҷомеаи сайёҳии Малайзия тамоюли Тоҷикистонро ба сайёҳии устувор ва ҳифзмуҳитӣ ҷиҳати муаррифии кишвар ҳамчун макони пешсаф барои сайёҳони экологӣ баланд арзёбӣ намуд.
Ҷоиза ба сафири Тоҷикистон дар Малайзия, Ардашер Қодирӣ супорида шуд.
Бояд гуфт, маҷаллаи “Top 10 of Asia”, ки яке аз бонуфузтарин нашрияҳо дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ба ҳисоб меравад, таҳқиқоти васеъ гузаронида, фикру андешаҳои сайёҳон ва мутахассисони соҳаи сайёҳиро ҷамъ оварда, ба чунин хулоса расидааст.
Хотиррасон мекунем, ки дар нимсолаи якуми соли 2024 дар самти “Бозорҳои беҳтарини сайёҳӣ аз рӯи хароҷоти сайёҳии содиротӣ” Тоҷикистон бо афзоиши назарраси сайёҳии содиротӣ (+420 фоиз) дар садри ҷадвали Созмони Ҷаҳонии Сайёҳӣ қарор гирифтааст.
Ҳамчунин дар радабандии дигари Созмони Ҷаҳонии Сайёҳӣ дар бахши “Беҳтарин макони сайёҳӣ аз ҷиҳати қабули сайёҳони хориҷӣ” дар нимсолаи аввали 2024, Тоҷикистон аз ҳисоби афзоиши теъдоди ҷаҳонгардон ба кишвар (+75%) баъд аз Албания ва Сербия дар ҷойи сеюм қарор гирифт.
Тибқи омори расмӣ, дар 9 моҳи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон беш аз 1 миллиону 223,2 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ боздид кард. Аз ин миён тибқи талаботи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ 941,3 ҳазор нафар ҳамчун сайёҳ ворид гардид, ки нисбати соли гузашта 17,3 дарсад бештар аст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед