Ru  | Tj
Мардуми Афғонистон барои хориҷ шудан аз кишварашон талаби шиноснома доранд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Мардуми Афғонистон барои хориҷ шудан аз кишварашон талаби шиноснома доранд
Акс: Интернет

Мардуми Афғонистон барои хориҷ шудан аз кишварашон талаби шиноснома доранд

Нашр шуд

Аламгул Ҳаққонӣ, раиси бахши шиносномадиҳии Толибон* мегӯяд, ҳама афғонҳо талош доранд, ки шиноснома гиранд ва аз Афғонистон хориҷ шаванд. Бо афзоиши бӯҳрони башарӣ дар Афғонистон ҳамарӯза ҳазорон довталаб дар назди ин дафтар ҷамъ меоянд.

 Аламгул Ҳаққонӣ, раиси Идораи шиносномадиҳии хориҷии Толибон ҳамчунин гуфт, ин идора баста шудааст, зеро ҳамаи афғонҳо мехоҳанд шиносномаи хориҷӣ дошта бошанд.

 Ҳаққонӣ гуфт, ки ҳама афғонҳо талош доранд, ки шиноснома гиранд ва ин қобилият дар идораи шиносномадиҳии хориҷӣ вуҷуд надорад.

Вай тавзеҳ додааст, ки агар довталабон асноди ҳуқуқӣ дошта бошанд, корашон дар як рӯз анҷом мешавад.

 Қобили зикр аст, ки пас аз тасарруфи Толибон Афғонистон ба бӯҳрони башардӯстона рӯбарӯ шудааст ва ҳамарӯза ҳазорон довталаб дар назди Идораи шиносномадиҳӣ ҷамъ меоянд.

 Аз замони боз шудани идораи шиносномадиҳии Толибон ду бор ба далели зиёд будани мардум тақсими шиноснома қатъ карда шуд.

 Дар Давҳа ин гурӯҳ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ тааҳҳуд кардааст, ки аз раванди тавзеи шиноснома ба шаҳрвандоне, ки мехоҳанд аз Афғонистон хориҷ шаванд, мутаваққиф нахоҳанд кард ва ба номи ҳукумати собиқи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон шиносномаҳо тақсим мекунанд.

Толибон ба далели набуди зарфияти кофӣ барои тавзеи шиноснома идораи онро бастаанд.

*Толибон – ҳаракати фаъолияташ мамнӯъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон


Ӯзбекистон ба Афғонистон ба арзиши 100 миллион доллар то поёни соли ҷорӣ барқ медиҳад



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед