Ru  | Tj
Мардуми Роштқалъа минбаъд барои пардохти пули барқ аз системаи билингӣ истифода мебарад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Мардуми Роштқалъа минбаъд барои пардохти пули барқ аз системаи билингӣ истифода мебарад
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Мардуми Роштқалъа минбаъд барои пардохти пули барқ аз системаи билингӣ истифода мебарад

Нашр шуд

Имрӯз Президенти кишвар дар идомаи сафари кории худ дар ВМКБ ба ноҳияи Роштқалъа рафт.

Ба гузориши Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон дар Роштқалъа аз ҷумла як Маркази хизматрасонӣ ба истифода дода шудааст, ки ба муштариён дар бахши энергетика хидмат мерасонад.

Гуфта мешавад, дар ин марказ минбаъд тамоми хизматрасониҳои вобаста ба барқ, аз қабили пардохти ҳаққи истифода ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо баҳри насби ҳисобкунакҳои барқӣ ба таври марказонидашуда сурат мегирад.

Манбаъ афзудааст, дар назди ин марказ ҳамчунин гурӯҳҳои фаврӣ ва садамавӣ фаъолият доранд, ки бо тамоми дастгоҳу воситаҳои зарурӣ муҷаҳҳаз мебошанд.

Бунёди ин иншооти нави дуошёна аз сӯи ширкати "Помирэнержӣ" моҳи апрели ҳамин сол оғоз ёфта, он бо санъати баланд ва шаклу услуби хоси меъморӣ сохта шудааст.

Ҳамзамон, 40 нафар мутахассисони маҳаллӣ дар маркази нав соҳиби ҷойи кор шудаанд.

Илова бар ин, аз ҷониби мутахассисон дар ин иншоот тарҳи фаъолияти системаи билингӣ, шакли пардохти ҳаққи истифодаи нерӯи барқ ба воситаи интернет ва телефонҳои мобилӣ, муаррифӣ гардидааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиат ба кормандони соҳаи энергетикаи ноҳия изҳор дошт, ки бояд сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ баланд бардошта шавад ва онҳо ҷиҳати бартараф намудани садамаву ҳолатҳои ғайричашмдошт дар системаи энергетика, бахусус дар рӯзҳои сарди зимистон ҳамаҷониба омода бошанд.




Дар Роштқалъа 140 иншооти ҷашнӣ ба маблағи 35 миллион сомонӣ бунёд гардидааст

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед