Ru  | Tj
Мария Захарова аз равобити дипломатии Тоҷикистону Русия ситоиш кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Мария Захарова аз равобити дипломатии Тоҷикистону Русия ситоиш кард
Акс: Sputnik

Мария Захарова аз равобити дипломатии Тоҷикистону Русия ситоиш кард

Нашр шуд

Намояндаи расмии Вазорати хориҷии Русия гуфта, ки равобити созандаи дипломатии Русияву Тоҷикистон ба тамоми минтақаи Осиëи Марказӣ таъсири судманд гузоштааст.

Ба иттилои “ТАСС”, имрӯз дар Маскав Мария Захарова дар як нишасти хабарӣ дар бораи равобити дипломатии Тоҷикистону Русия, ки сӣ соли пеш барқарор шудаанд, ибрози назар кардааст.

Хонум Захарова гуфт, тайи се даҳсола ҳамкориҳои пурсамари ду кишвар имкон дода, ки масъалаҳои муҳимми рушди иҷтимоию иқтисодӣ, иртибототи фарҳангиву гуманитарӣ, таҳкими иқтидори дифоӣ ва амнияти Русияву Тоҷикистон ҳамоҳанг карда шаванд, ки ин ба рушди муносиботи дуҷониба ва вазъияти тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ таъсири судманд расонидааст.

Вай ҳамчунин аз мулоқотҳои пайвастаи сарони кишварҳо, машварату нишастҳои роҳбарони ниҳодҳои калидии ду кишвар ëдоварӣ кардааст.

Намояндаи расмии Вазорати хориҷии Русия ҳамчунин афзуда, ки Душанбеву Маскав ҳамагуна табъизро, ки ба нажод, забон ва дин вобастаанд, қатъиян маҳкум мекунанд. 

Захарова ҳамчунин аз нуқтаи назари муштараки Тоҷикистону Русия дар бобати таҳрифи таърих зикр намуда, ки ҳарду кишвар ба кӯшишҳои сохтакорӣ дар нигориши таърих ва аз нав навиштани натиҷаҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон қатъиян муқобиланд.

Бояд гуфт, ки пагоҳ ба рӯзи барқарор гардидани равобити дипломатӣ миëни Тоҷикистону Русия сӣ сол пур мешавад.

Душанбеву Маскав дар ин давра ҳамеша ба рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба талош кардаву дар масоили байналмилалӣ низ назари ҳамсон доштаанд.

Тоҷикистон Русияро муҳимтарин шарики стратегии худ медонад.


Ширкати “S7 Airlines”-и Русия парвозҳои мунтазамро ба Тоҷикистон оғоз кард



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед