Ru  | Tj
Маросими савгандёдкунии Эмомалӣ Раҳмон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Маросими савгандёдкунии Эмомалӣ Раҳмон

Маросими савгандёдкунии Эмомалӣ Раҳмон

Нашр шуд

Маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 30 октябри соли равон доир мегардад.

Қарори мазкур аз тарафи Маҳмадтоир Зокирзода раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дар рафти ҷаласа имзо шуд.

Маросими савгандёдкунӣ дар қароргоҳҳои "Кохи Сомон" ва "Қасри миллат" баргузор мегардад. Чорабинии сиёсӣ бо иштироки вакилони парлумон, аъзоҳои ҳккумат, аҳли илм ва бидуни меҳмонҳои хориҷӣ хоҳад гузашт.

Инчунин бахшида ба маъракаи муҳими сиёсӣ паради ҳарбӣ низ ба нақша гирифта шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо натиҷаи 90,92% пирӯз шуд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед