Ru  | Tj
Марз: КДАМ аз тавофуқи Тоҷикистону Қирғизистон дар бобати оташбас хабар дод

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Марз:  КДАМ аз тавофуқи Тоҷикистону Қирғизистон дар бобати оташбас хабар дод
Акс: ia.centr.ru

Марз: КДАМ аз тавофуқи Тоҷикистону Қирғизистон дар бобати оташбас хабар дод

Нашр шуд

Пас аз чанд соати сар задани нооромиҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дубора тарафҳо сари мизи музокирот нишаставу дар мавриди оташбас ба тафовуқ расидаанд. 
Ба иттилои Дафтари матбуоти Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ,  соати яки дишаб  дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара музокироти гурӯҳи кории ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шудааст. 

Манбаъ меафзояд, тарафҳо пас аз баррасиву муҳокимаи муноқишаи ахири мусаллаҳона дар марз дар мавриди оташбас ба мувофиқа расиданд ва таъкид намуданд, ки то соати 8-и субҳи имрӯз тамоми нерӯҳои изофӣ ва васоили ҷангӣ аз хати сарҳад дур бурда мешаванд.   

Кумитаи давлатии амнияти миллӣ хабар додааст, ки вазъ айни замон дар сарҳад ором буда, сабабу омилҳои сар задани муноқишаи мусалаҳона аз ҷониби гурӯҳи кории муштарак аз шумори масъулини ниҳодҳои дахлдори ду кишвар таҳқиқ карда мешаванд. 
Бегоҳи дирӯз расонаҳо аз сар задани нооромиҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон хабар доданд. Дертар Кумитаи давлатии амнияти миллӣ иттилои расмӣ пахш кард  ва ҷузъиёти ин муноқишаро тавзеҳ дод. 

Бар пояи омори расмӣ, муноқишаи мусаллаҳона дирӯз тахминан соатҳои 17:20 рух дода, гурӯҳи 50-нафарае иборат аз сокинони шӯрои деҳаи Оқсойи вилояти Бодканди Қирғизистон пеши роҳи мошини як шаҳрванди Тоҷикистонро дар рӯи пули деҳаи Хоҷаи Аъло гирифтаанд.  Ҷониби Тоҷикистон баъди ин ҳолат  бо мақсади пешгирии чунин ҳолатҳои ғайриқонунӣ  дар сатҳи намояндагони мақомоти маҳаллӣ бо ҷониби Қирғизистон вохӯрӣ баргузор кардан хост. 

Аммо ҷониби Қирғизистон ба музокирот наомад ва тахминан соатҳои 18:10 марзбонони қирғиз қад – қади пули деҳаи Хоҷаи Аъло  мавқеъ гирифта, аз силоҳҳо ба шиддат оташ кушоданд. Ин ҳолат чандин соат давом ёфт. 

Манбаъ мегӯяд, дар пайи ин тирпарониҳо дар марз ҳудуди 10 нафар аз ҷониби Тоҷикистон захм бардоштаву ду тани дигар ҷон бохтаанд.  

Ҷаласаи Байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон: марзҳо кай кушода мешаванд









 


Ҷонибҳо баъди баррасиву муҳокимаи муноқишаи мусаллаҳонаи сарҳадӣ ба чунин мувофиқа расиданд, ки оташбас эълон гардида, то соати 08:00 дақиқаи санаи 28 январи соли 2022 тамоми қувваю воситаҳои иловагӣ ва техникаҳои ҷангӣ аз хати сарҳади давлатӣ ба мавқеи доимии қарордошташон баргардонида шаванд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед