Ru  | Tj
Марзҳои Русия дар соли нави хониш барои донишҷӯёни хориҷӣ боз мешаванд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Марзҳои Русия дар соли нави хониш барои донишҷӯёни хориҷӣ боз мешаванд
Акс: Sputnik

Марзҳои Русия дар соли нави хониш барои донишҷӯёни хориҷӣ боз мешаванд

Нашр шуд

Вазорати маориф ва илми Русия эълом дошт, ки дар арафаи соли нави таҳсил марзҳои ин кишвар барои донишҷӯёни хориҷӣ боз мешавад.

Ба иттиллои ТАСС , ин хабарро дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми Русия ба рӯзноманигорон расонидаву афзудааст, ки қоидаҳои вуруд аллакай таҳия шудаву рӯзҳои наздик тасдиқ мешавад.

Манбаъ афзудааст, ки вазорат ба Ситоди фаврии пешгирӣ аз паҳншавии сирояти нави коронавирус дар қаламрави Русия дар ин бобат пешниҳод ирсол кардаву ситод ризоият додааст.

Валерий Фалков, Вазири илм ва таҳсилоти олии Русия таъкид намудааст, ки қариб ҳамаи макотиби олии кишвар соли нави таҳсилро ба таври муқаррарӣ оғоз менамоянд.

Вай иброз доштааст, ки ба донишҷӯёни хориҷие, ки бо сабаҳои гуногун ба Русия омада наметавонанд, шароит барои таҳсили фосилавӣ омода карда мешавад.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Вазири илм ва таҳсилоти олии Русия гуфта буд, ки чораҳои пешгирӣ аз коронавирус – санҷидани таб, безарар гардонидани биноҳо, риояи масофаи иҷтимоӣ ва воситаҳои муҳофизати шахсӣ имсол низ бояд дар донишгоҳҳо риоят шаванд.

Сафорати Русия дар Тоҷикистон вазъро бо донишҷӯёни хориҷӣ равшан кард


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед