Ru  | Tj
Марзбонони тоҷик дар ҷаласаи натиҷагирӣ аз амалиёти муштараки марзбонии ИДМ ширкат карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Марзбонони тоҷик дар ҷаласаи натиҷагирӣ аз амалиёти муштараки марзбонии ИДМ ширкат карданд
Акс: аз манбаъҳои боз

Марзбонони тоҷик дар ҷаласаи натиҷагирӣ аз амалиёти муштараки марзбонии ИДМ ширкат карданд

Нашр шуд

Рӯзи 21-уми феврали соли 2024 ҷаласаи корӣ байни намояндагони марзбонии кишварҳои узви ИДМ ва сохторҳои кории созмонҳои байнулмилалӣ барои ҷамъбасти натиҷаҳои амалиёти муштараки вижаи марзӣ дар соли 2023 ва баррасии барномаҳо дар соли 2024 баргузор шуд. Дар ин бора дафтари матбуотии Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар медиҳад.

Дар ин ҷаласа намояндагони неруҳои марзбонии 7 кишвар (Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон), Кумитаи иҷроияи ИДМ, дафтари ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи кишварҳои узви ИДМ ва дигар сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар чаҳорчӯби ИДМ иштирок доштанд.

Гуфта мешавад, ки дар ҷаласа натоиҷи амалиёти муштараки марзбонӣ зери унвони “Ғарб-2023” ва “Марзбон-2023” ва тартиби омодасозӣ ва баргузории амалиёти марзӣ дар чаҳорчӯби ИДМ дар соли равон баррасӣ шуд.

Ба ширкаткунандагони ҷаласаи корӣ таҷрибаи баргузории иқдомоти пешгирикунанда, фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ ва амалиёти вижа аз ҷониби мақомоти ИДМ ва созмонҳои байнулмилалӣ муаррифӣ карда шуд. Ширкаткунандагони ҷаласа бар иштироки ҳамаи ниҳодҳои марзбонии ИДМ дар амалиёти муштараки кишварҳои ҳамсуд созмон ва ҳамохангсозии талошҳои сохторҳои ин иттиҳодия ва сохторҳои кории созмонҳои байнулмилалиро ҷиҳати таъмини амнияти марз таъкид карданд.

Гуфтанист, Шурои фармондеҳони неруҳои сарҳадӣ мақоми Шурои сарони кишварҳои узви ИДМ буда, ҳамоҳангсозии ҳифзи марзҳои хориҷии иттиҳодия ва таъмини амнияти онро назорат мекунад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед