Ru  | Tj
Масъалаи аз байн бурдани низоъ дар вилояти Панҷшер баррасӣ шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Масъалаи аз байн бурдани низоъ дар вилояти Панҷшер баррасӣ шуд
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Масъалаи аз байн бурдани низоъ дар вилояти Панҷшер баррасӣ шуд

Нашр шуд

Рӯзи гузашта Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амниятӣ Жозеп Боррел дидори расмӣ анҷом дод.

Мувофиқи маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин ҳангоми вохӯрӣ бо Жозеп Боррел масъалаи вазъи имрӯзаи муносибатҳо, воситаҳои таҳкиму тавсеаи минбаъдаи онҳо ва мавзӯҳои минтақавию байналмилалиро мавриди муҳокима қарор дод.

Ба зикри манбаъ, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки Созишномаи мукаммали ҳамкорӣ ва шарикӣ миёни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро таҳия намоянд.

Гуфта мешавад, ки миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар роҳи мубориза бар терроризму экстремизм ва ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ҳамкориҳо вусъат бахшида мешаванд.

Дар гуфтумон ҳамчунин, ҷонибҳо ба масъалаи бехатарию оромии марзҳои Тоҷикистон ва вазъияти Афғонистону минтақа таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намудаанд.

Масъалаи ҳарчӣ зудтар аз байн бурдани низоъ ва ташаннуҷ дар вилояти Панҷшер, тавассути эълон намудани оташбас ва кушодани роҳҳо ҷиҳати расонидани кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон яке аз мавзӯҳои аввалиндараҷаи дидору гуфтугӯ дониста шуд.

Ёдовар мешавем, 22-юми ноябр дар шаҳри Душанбе нишасти Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид, ки дар он якчанд масъалаҳо ва аз ҷумла, мавзӯи амнияти минтақа хеле ҷиддӣ ба миён гузошта шуд.

Шаҳрвандони Афғонистон дар Душанбе барои дастгирии Панҷшер ва Ҷабҳаи муқовимат ҷамъ омаданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед