Ru  | Tj
Масъалаи будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Қазоқистон баррасӣ гардид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Масъалаи будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Қазоқистон баррасӣ гардид
Акс: Интернет

Масъалаи будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Қазоқистон баррасӣ гардид

Нашр шуд

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алма-Атои Қазоқистон Равшан Бобохонзода бо Раиси шаҳри Алма-Ато Бакитжан Сагинтаев мулоқот анҷом дод.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дидори Бобохонзода бо Сагинтаев рӯзи 24-уми ноябр сурат гирифтааст.

Ба иловаи манбаъ, дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаи густариши ҳамкориҳои гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Қазоқистонро баррасӣ намудаанд.

Гуфта мешавад, ки ҳангоми мулоқот ҷонибҳо ба масъалаи ҳуқуқӣ ва будубоши қонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алма-Ато диққати махсус равона кардаанд.

14-уми марти соли 2018 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар соҳаи муҳоҷират Созишномаи ҳамкорӣ баста шуд, ки он 25-уми январи соли 2019 тасдиқ гардида буд.


Аз ИМА то АМА ва Саудӣ. Шаҳрвандони 52 кишвар ба Тоҷикистон бе раводид омада метавонанд.



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед