Ru  | Tj
Масъалаи рушди нақлиёти роҳи оҳани Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои ИДМ баррасӣ мегардад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Масъалаи рушди нақлиёти роҳи оҳани Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои ИДМ баррасӣ мегардад
Акс: Интернет

Масъалаи рушди нақлиёти роҳи оҳани Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои ИДМ баррасӣ мегардад

Нашр шуд

Имрӯз Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи маҷозии Шӯрои роҳбарони ҳукуматҳои давлатҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) ширкат меварзад.

Ба иттилои АМИТ "Ховар", дар нишаст мавзӯъҳои вобаста ба мубориза бо паҳншавии бемории коронавирус ва барқарорсозии иқтисодиёти кишварҳои аъзои ИДМ бар асари таъсири COVID-19 баррасӣ мегарданд.

Ҳамчунин, дар назар аст, ки ҳангоми нишаст масоили вусъат додани минтақаи озоди савдои ИДМ, нақлиёти роҳи оҳан ва равобити инноватсионӣ муҳокима шаванд.

Ба иловаи манбаъ, интизор меравад, ки дар ҷаласа Консепсияи рушди стратегии нақлиёти роҳи оҳан дар "фазои 1520" барои марҳилаи то соли 2030 тасдиқ шавад. Лоиҳаи консепсия роҳҳои афзалиятноки рушди роҳи оҳани  паҳноиаш 1520 мм-ро муқаррар менамояд, ки шабакаҳои роҳи оҳани 19 кишвар, аз ҷумла ҳамаи давлатҳои ИДМ-ро ба ҳам мепайвандад.

Гуфта мешавад, ки дар рафти ҷаласа як қатор санадҳое, ки ҳамкории давлатҳои ИДМ-ро дар соҳаи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба шабакаҳои иттилоотию телекоммуникатсионӣ ва равобити иноватсиониро ба танзим медароранд, имзо карда мешаванд.

Вохӯрии офлайнии Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бори охир 25-уми октябри соли 2019 дар шаҳри Маскав баргузор гардида буд, ки дар он Консепсияи ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи рушди рақамӣ татбиқ карда шуд.



Тоҷикистон барои таъсиси маркази вирусология ва микробиология аз Русия кӯмак пурсид


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед