Ru  | Tj
Масъалаи таҳкими ҳамкории ВАО-и Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Масъалаи таҳкими ҳамкории ВАО-и Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Акс: Хадамоти матбуоти Сарвари давлати Тоҷикистон

Масъалаи таҳкими ҳамкории ВАО-и Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид

Нашр шуд

Президенти Тоҷикистон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арабии Миср вохӯрӣ анҷом дод.

Хадамоти матбуоти Сарвари давлат хабар медиҳад, ки мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Мустафо Мадбулӣ рӯзи 10-уми марти соли 2022 дар шаҳри Қоҳира ба вуқӯъ пайвастааст.

Ба гузориши манбаъ, дар вохӯрии ҷонибҳо вазъи феълӣ ва дурнамои равобити Тоҷикистон ва Миср муҳокима шудааст.

Роҳбарияти Тоҷикистон ва Сарвазири Ҷумҳурии Арабии Миср ҳавасмандии худро дар мавзӯи густариш додани муносибатҳо байни васоити ахбори оммаи ду кишвар баён намудаанд.

Ҳамчунин, миёни сарони кишварҳо перомуни масъалаи тақвият додани ҳамкории Тоҷикистону Миср дар самтҳои гуногуни саноат, бахусус нассоҷӣ, дорусозӣ, коркарди нахи пахта ва чарм, истихроҷу коркарди маъданҳо ва сангҳои қиматбаҳо табодули афкор ба миён омадааст.

Зимнан, байни намояндагони ду кишвар мувофиқа ҳосил шудааст, ки ҳамкориҳои мутақобила дар самти сармоягузорӣ, афзоиши ҳаҷми гардиши мол, равобити байнибонкӣ, татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои кишоварзӣ ва обёрӣ, рушди сайёҳӣ, саноати дорусозӣ, инчунин густариши ҳамкориҳо дар соҳаи илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ, кор бо ҷавонон ва амсоли инҳо ба роҳ монда шаванд.

Қобили қайд аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Арабии Миср рӯзи 9-уми марти соли 2022 ташриф оварда, дар рафти боздид аз ин кишвар бо як қатор корхонаҳои саноатию истеҳсолӣ созишномаи ҳамкорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ ва таъсис додани корхонаи муштаракро ба имзо расонид.


Эмомалӣ Раҳмон дар Миср ба коргоҳҳои саноатӣ пешниҳоди ҳамкорӣ намуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед