Ru  | Tj
Машқҳои ҳарбии Тоҷикистону Русия дар апрел мегузаранд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Машқҳои ҳарбии Тоҷикистону Русия дар апрел мегузаранд
Расм аз "РГ"

Машқҳои ҳарбии Тоҷикистону Русия дар апрел мегузаранд

Нашр шуд

Тамринҳои ҳарби-тактикии Тоҷикистону Русия дар майдонҳои машқии Тоҷикистон аз 19 то 23 апрел мегузаранд, хабар медиҳад котиби матбуоти округи марказии ҳарбӣ Генерал-полковник Александр Лапин.

Фармондеҳи округи марказии ҳарбӣ мегӯяд, ки дар машқгоҳҳои Ҳарб-Майдон, Момирак ва Сумбули хизматчиёни ҳарбии ду кишвар масъалаҳои ҳамоҳангсозии ҷангӣ ва истифодаи якҷояи нерӯҳоро дар иҷрои вазифаҳои таълимию ҷангӣ таҳия хоҳанд кард.

Дар ин тамринҳо 2 500 сарбоз аз пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон мустақар шуда ва беш аз 1000 нафар аз Тоҷикистон иштирок мекунанд. Илова ба ин 400 адад техникаҳои ҳарбӣ аз қабили Су-25СМ, Ми-8, Т-72, БМП-2М ва ғайраҳо истифода мешаванд.

Имсол дигар машқҳои ҳарбӣ дар доираи СААД низ ба нақша гирифта шудааст.

Навгонӣ дар либоси занонаи милиса дар Тоҷикистон


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед