Ru  | Tj
Машғул шудани кӯдакон ба бозиҳои компютерии GTA ва CS дар Душанбе пешгирӣ мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Машғул шудани кӯдакон ба бозиҳои компютерии GTA ва CS дар Душанбе пешгирӣ мешавад
Акс: аз манбаъҳои боз

Машғул шудани кӯдакон ба бозиҳои компютерии GTA ва CS дар Душанбе пешгирӣ мешавад

Нашр шуд

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ба хотири ҷилавгирӣ аз бозии кӯдакон ба Counter Strike ва Grand Theft Auto (GTA) дар клубҳои компютерии шаҳри Душанбе амалиёт анҷом медиҳад. Пулиси Душанбе мегӯяд, ки бархе аз наврасон метавонанд зери таъсири онҳо ҷиноят содир кунанд.

Таъкид мешавад, ки мувофиқи талаботи қонунгузории Тоҷикистон, паҳн намудани навор ва бозиҳои ғайриахлоқию характери зӯроваридошта қатъиян манъ аст.

Аз ҷумла, тибқи хулосаи экспертизаи таърихиву фарҳангии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, бозиҳои «COUNTER STRIKE» ва «GRAND THEFT AUTO» (GTA), дорои хусусияти зуроварӣ, қатлу куштор ва ғоратгарӣ мебошанд.

Таҳлилҳои мақомоти милитсия низ нишон медиҳанд, мутаассифона баъзе аз ҷавонону наврасон, дар натиҷаи мунтазам ба чунин бозиҳо машғул гардидан, зери таъсири манфии ин бозиҳо қарор гирифта, ҷиноятҳои гуногун содир кардаанд. 

Вобаста ба ин, Раёсати ВКД дар ш.Душанбе аз кулли соҳибмулкони чунин марказҳо талаб менамояд, ки минбаъд ба паҳнсозии ин бозиҳо роҳ надиҳанд.

Ҳамзамон шаҳрвандонро мебояд фарзандони худро зери назорат гирифта, нагузоранд ба ин бозиҳои тарғибкунандаи қатлу куштор машғул шаванд.

Бо назардошти ин полиси шаҳри Душанбе дар ин замина баргузории амалиёти санҷиширо роҳандозӣ менамояд.

Бояд гуфт, ки ахиран ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон тағйирот ворид шуд, ки бар асоси он, аз ҷумла, ҷарима барои ба клубҳои компютерии шабона роҳ додани кӯдакон ба маротиб афзоиш ёфт.

Бар асоси ин тағйирот, акнун соҳибкорони инфиродӣ барои роҳ додани кӯдакон ба толори бозиҳои компютерӣ аз 180 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 12 ҳазору 960 то 14 ҳазору 400 сомонӣ) ҷарима мешаванд.

Агар давоми як сол ин кирдор такрор шавад, соҳибкорони инфиродӣ барои ин кирдор аз 220 то 250 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 15 ҳазору 840 то 18 ҳазор сомонӣ) ҷаримабандӣ мешаванд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед