Ru  | Tj
Машварати вазирони адлияи кишварҳои СҲШ баргузор мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Машварати вазирони адлияи кишварҳои СҲШ баргузор мешавад
Акс: Trend

Машварати вазирони адлияи кишварҳои СҲШ баргузор мешавад

Нашр шуд

Машварати ҳаштуми вазирони адлияи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба таври маҷозӣ баргузор мегардад.

Тибқи иттилои Вазорати адлия, машварат 6-уми август дар шакли маҷозӣ сурат гирифта, дар он масоили вобаста ба ҳамкории кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар соҳаи ҳуқуқ ва адлия баррасӣ мегардад.

Манбаъ афзудааст, ки Машварати ҳаштуми вазирони адлияи СҲШ тибқи нақшаи чорабиниҳои асосии давраи раёсати Тоҷикистон дар ин созмон баргузор мегардад.

Имсол раёсати давраӣ дар Созмони Ҳамкории Шанхай навбати Тоҷикистон аст. Саммити ҷашнии ин созмон 16-17-уми сентябри соли 2021 дар Душанбе баргузор мешавад.

СҲШ соли 2001 таъсис ёфта, Русия, Тоҷикистон, Чин, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон ва Ӯзбекистон узви он ҳастанд ва Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон дар ин созмон мавқеи нозирро доранд.

Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Туркманбошӣ сари мизи машварат менишинанд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед