Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Маскав барои шаҳрвандони хориҷӣ шиносномаи электрониро ҷорӣ мекунад
Нашр шуд
Дар Маскав аз соли 2025 ба шаҳрвандони хориҷӣ шаҳодатномаи электронӣ дода мешавад, ки тавассути он ҳамаи маълумотро дар бораи соҳибаш метавон тафтиш кард.
Дар ин бора Сергей Собянин, шаҳрдори пойтахти Русия изҳор дошт, иттилоъ дод хабаргузории ТАСС.
«Дар асоси қонуни федералӣ аз соли оянда мо ба таври таҷрибавӣ шиносномаи электрониро барои муҳоҷирон ҷорӣ хоҳем кард. Ба шиносномаи электронии шаҳрванди хориҷӣ ҳама маълумот ворид карда мешавад: кай омад, маълумоти биометрӣ, дар куҷо кор мекунад, дар куҷо сабти ном шудааст ва ғайра. Кормандони полис ҳангоми гузаронидани рейдҳо тариқи дастгоҳи махсус ин маълумотро тафтиш мекунанд”, - гуфт Собянин.
Ба гуфтаи шаҳрдори Маскав, агар дар шиносномаи электронӣ ягон хатоӣ бошад, корманди пулис вазифадор мешавад, ки нисбати муҳоҷир чораҳои дахлдор андешад.
Собянин ҳамчунин гуфт, ки аз соли 2025 дар чаҳорчӯби ин таҷриба назорати биометрӣ дар ҳама фурудгоҳҳои Маскав, ҳатто барои хориҷиёни “бераводид” ҷорӣ хоҳад шуд.
“Шаҳрвандони кишварҳои бидуни раводид ҳангоми ворид шудан ба Маскав аз назорати биометрӣ – аксбардорӣ ва гирифтани изи ангуштон мегузаранд. Бо ин мақсад қонуни федеролӣ дар бораи имконияти гузарондани чунин таҷриба қабул карда шудааст. Ҳоло бо супориши президент ҳукумат қарори дахлдорро таҳия мекунад <...>, ки ба мо ваколат медиҳад, ки ин таҷрибаро дар якҷоягӣ бо Хадамоти федералии амният, Хадамоти марзбонӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва ғайра гузаронем», - гуфт раиси шаҳри Маскав.
Ба таъкиди Собянин, мавҷудияти махзани маълумоти биометрии ҳамаи меҳмонон имкон медиҳад, ки ошкор кардани ҷиноятҳо ба сатҳи нав бароварда шавад.
Тибқи маълумоти расмӣ, то аввали моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Русия 6,2 миллион шаҳрванди хориҷӣ сабти ном шудаанд. Ин дар ҳолест, ки як сол қабл ин рақам 8,5 миллион нафар буд.
Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед