Ru  | Tj
Маскав бори дигар аз Тоҷикистону Қирғизистон хост, ки созишномаҳоро риоя намоянд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Маскав бори дигар  аз Тоҷикистону Қирғизистон хост, ки созишномаҳоро риоя намоянд
Акс: Интернет

Маскав бори дигар аз Тоҷикистону Қирғизистон хост, ки созишномаҳоро риоя намоянд

Нашр шуд

Мария Захарова, намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия дар як нишасти матбуотӣ гуфт, ки Маскав аз ҳарду ҷумҳурӣ даъват мекунад, ки созишномаҳои басташударо риоя намоянд.

Ба гузориши Sputnik, yамояндаи Вазорати умури хориҷаи Русия қайд кардааст, ки Маскав созишномаҳои Тоҷикистону Қирғизистонро дар бораи танҳо бо роҳҳои сиёсиву дипломатӣ ва тавассути музокироти мустақим ҳал кардани ин ҳодиса истиқбол мекунад.

"Боиси хушнудист, ки 5 июн намояндагони Тоҷикистон ва Қирғизистон роҷеъ ба коҳиш додан ба ташаннуҷ дар манотиқи марзӣ изҳороти муштарак қабул намуданд. Тибқи ин созиш постгоҳҳои марзӣ дар қаламрави ҳарду кишвар аз марз дуртар мустақар мегарданд ва нерӯҳо ва таҷҳизоти дигар ба макони доимии пешинаи худ баргардонида мешаванд", - илова кардааст дипломати рус.

Захарова ҳамчунин ба зарурати зудтар анҷом ёфтани раванди аломатгузории марзи байни ду кишвар таъкид намуда, афзудааст, ки агар ҷонибҳо манфиатдор бошанд, аз ҷумла барои истиқрори сулҳи пойдор ва амният дар марзи ду давлати бародар, Русия омодааст бо коршиносони худ кумак намояд".


Бонки ҷаҳонӣ: Миёни кишварҳои ИДМ сатҳи баландтарини рушдро иқтисоди Тоҷикистон касб менамояд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед