Ru  | Tj
Матвиенко ва Раҳмон масоили муҳоҷирати кориро “бидуни эҳсосот” баррасӣ карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Матвиенко ва Раҳмон масоили муҳоҷирати кориро “бидуни эҳсосот” баррасӣ карданд
Акс: Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон

Матвиенко ва Раҳмон масоили муҳоҷирати кориро “бидуни эҳсосот” баррасӣ карданд

Нашр шуд

Матвиенко талошҳо барои эҷоди ихтилоф миёни Русия ва Тоҷикистонро маҳкум кард.

Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсия гуфт, ки дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, масъалаҳои доғи рӯз, аз ҷумла мавзӯи муҳоҷирати корӣ, ба таври созанда ва бидуни эҳсос баррасӣ шуданд.

Вай дар ин бора ба хабарнигорон баъди мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон хабар дод.

Ҳайати Шӯрои Федератсия таҳти роҳбарии Матвиенко бо як сафари расмӣ дар Душанбе қарор дорад.
«Мо, аз ҷумла, масъалаҳои мубрами муҳоҷирати кориро, баррасӣ кардем, вале ин масоил ба таври созанда, бидуни эҳсосот ва ҳаяҷоне, ки бархе афрод мехостанд, ба ин васила миёни Тоҷикистону Русия ихтилоф андозанд, баррасӣ шуданд», - гуфт Матвиенко.
Вай афзуд, дар ин дидор "эътимоди қавӣ"-и раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро барои ҷилавгирӣ аз ҳама гуна тундравӣ дар равобити дуҷонибаи Русия ва Тоҷикистон эҳсос кардааст.

Матвиенко гуфт, ки дар ҷараёни мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон таъйид шуд, ки Тоҷикистон ба таҳкими равобити стратегӣ ва ҳампаймонӣ бо Русия манфиатдор аст.
«Мо метавонем бигӯем, ки дар сатҳи олӣ ман тасдиқи онро гирифтам, ки Тоҷикистон ба тавсеа ва амиқтар кардани муносибатҳои ҳампаймонӣ ва стратегӣ бо мо манфиатдор аст ва омода аст ҳамкориҳоро дар соҳаҳои гуногун боз ҳам амиқтар кунад», - гуфт Матвиенко.
Аз сӯи дигар тибқи иттилои хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, дар мулоқот бо Валентина Матвиенко мавзуъҳои асосии суҳбат масоили дорои хусусияти башардӯстона, аз ҷумла рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои маориф, илму техника, ҳамчунин, танзими муҳоҷирати корӣ буд.

Бояд гуфт, ки Валентина Матвиенко қабл аз ин бо Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон мулоқот анҷом дода, ҳамчунин дар ҳамоиши VIII байнипарлумонии «Тоҷикистон - Русия: иқтидори ҳамкориҳои байниминтақавӣ» ширкат намуд.

Дар баробари ин, рӯзи 11 октябр раиси Шӯрои Федератсия дар конфронси байналмилалии парлумонии «30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Душанбе суханронӣ хоҳад кард.

Гуфтанист, дар ҳамоиши байнипарлумонии Русия ва Тоҷикистон рӯзи 10 октябр Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ гуфт, ки Тоҷикистон аз Русия даъват мекунад, то талошҳоро барои таъсиси корхонаҳои муштарак дар бахшҳои саноати сабук, ғизо, кимиё, пизишкӣ ва дорусозӣ афзоиш диҳад.

Тибқи иттилои расмӣ, ҳаҷми муомилоти тиҷоратии Тоҷикистон ва Русия дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ ба беш аз 1,2 миллиард доллар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи сол 2023 14,3% бештар аст.

Сарвазири Тоҷикистон, Коҳир Расулзода ҳамчунин чанд рӯз пеш хабар дод, ки ҳаҷми сармоягузории Русия ба иқтисоди ин кишвар дар даҳ соли охир беш аз 1,5 миллиард долларро ташкил дод.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед