Ru  | Tj
Мавҷуда Имомназарова дар Нурсултон аз беҳтарин муаллимони ИДМ дониста шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Мавҷуда Имомназарова дар Нурсултон аз беҳтарин муаллимони ИДМ дониста шуд
Акс: Informburo.kz

Мавҷуда Имомназарова дар Нурсултон аз беҳтарин муаллимони ИДМ дониста шуд

Нашр шуд

Як бонуи омӯзгори тоҷик дар Озмуни байналмилалии «Беҳтарин педагог-2021» сазовори диплом ва нишони сарисинагӣ гардид.

Академияи идоракунии давлатии назди Президент хабар додааст, ки муаллими ин муассиса Мавҷуда Имомназарова дар Озмуни байналмилалии «Беҳтарин педагог-2021» бо дипломи дараҷаи сеюм қадрдонӣ шудааст.

Гуфта мешавад, ин озмун миёни омӯзгорон ва олимони ҷавони Иттиҳоди давлатҳои Мустақил таҳти унвони «Беҳтаринҳо дар соҳаи маориф-2021» дар шаҳри Нурсултони Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гаштааст.

Бояд гуфт, ки охири соли гузашта як муаллими дигари тоҷик Барно Саидова, омӯзгори забон ва адабиёти руси мактаби хусусии «Империяи дониш» дар шаҳри Маскав дар озмуни байналмилалии таълими забони русӣ сазовори ҷойи аввал гашта буд.

Омӯзгори тоҷик дар озмуни байналмилалии омӯзгорони забони русии кишварҳои ИДМ ғолиб омад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед