Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Мавсума Муинӣ гуфт, ки имсол дар китобхонаҳои шаҳр чанд нафар китоб хондаанд
Нашр шуд
Муовини Раиси шаҳри Душанбе гуфт, ки теъдоди китобхонҳое, ки дар китобхонаҳои пойтахт давоми имсол сабтином шудаанд, беш аз 200 ҳазор нафар будааст.
Имрӯз хабаргузории “Ховар”, мақолаи Мавсума Муиниро дар бобати афзалиятҳои бахши фарҳанг дар пойтахт нашр намуд, ки дар он аз ҷумла теъдоди нафароне, ки ба китобхонаҳои шаҳр муроҷиат кардаанд, зикр шудааст.
Муинӣ навиштааст, ки соли ҷорӣ теъдоди китобхонҳои китобхонаҳои шаҳрӣ ба 213 ҳазору 416 нафар баробар будаву ба онҳо беш аз 188 ҳазор китоб пешниҳод гаштааст.
Ба иттилои муовини шаҳрдори Душанбе, дар соли 2021 фонди Китобхонаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба 2953 нусха ва китобхонаи муосири пойтахт ба 1014 нусха китобу маҷалла бо маблағи 85 ҳазор сомонӣ такмил дода шудааст.
Вай ҳамчунин афзудааст, ки айни замон фонди умумии китобхонаҳои шаҳриро 501 ҳазору 820 нусха китобҳои чопӣ ва 652 ҳазору 600 нусха китобҳои электронӣ ташкил медиҳанд.
Гуфта мешавад, дар пойтахти кишвар ба таъсиси китобхонаҳои идоравӣ низ аҳамияти ҷиддӣ дода шудааст ва айни замон дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои пойтахт 95 китобхонаҳои идоравӣ бо 110076 нусха китобу маҷаллаҳо ба фаъолият шуруъ намуданд.
Бояд гуфт, ки баъди ташкили озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм-фурӯғи маърифат” таваҷҷуҳи тамоми қишрҳои ҷомеаи Тоҷикистон ба китобу китобхонӣ ба таври бесобиқа боло рафтааст. Коршиносон баргузории ин озмунҳоро баро китобхон кардани ҷомеа ва пеш аз ҳама, ҷавонони кишвар бисёр муассир арзёбӣ мекунанд.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед