Ru  | Tj
Майдони зардолузор дар вилояти Суғд ба 51 ҳазор ҳектор расид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Майдони зардолузор дар вилояти Суғд ба 51 ҳазор ҳектор расид
Акс: аз манбаъҳои боз

Майдони зардолузор дар вилояти Суғд ба 51 ҳазор ҳектор расид

Нашр шуд

Дар вилояти Суғди Тоҷикистон дар 5-6 соли охир зиёд шудани майдони боғу токзорҳои нав ба таври назаррас мушоҳида карда мешавад.

Хабаргузории "SugdNews" бо такя ба маълумоти Идораи кишоварзии вилояти Суғди Тоҷикистон навишт, ки то 1-уми апрели соли равон дар ҳудуди ин вилоят дар майдони 113 ҳектор боғҳои нав, аз ҷумла 23 ҳектор боғи интенсивӣ бунёд карда шудаанд.

Гуфта мешавад, ки дар соли 2024 дар вилояти Суғд барқарорсозии боғҳои куҳна дар майдони 788 ҳектор ва токзорҳои куҳна дар майдони 111 ҳектор анҷом шуд. Дар ин баробар майдони боғи зардолу дар вилояти Суғд ба 51 ҳазор ҳектор расид, ки 35 ҳазору 500 ҳектори он ҳосил медиҳад.

Бар асоси омори расмӣ, ҳосили мева дар вилояти Суғд соли гузашта ба 222.521 тон расонида шуд. Аз ҷумла ҳосили зардолу 157 ҳазору 186 тонро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022  101 ҳазору 339 тон зиёд аст.

Зикр мешавад, ки майдони умумии боғҳо дар вилояти Суғд 76 ҳазору 860 ҳектор аст, ки 57 ҳазору 240 ҳектори он ҳосилхез аст.

Дар баробари ин соли гузашта дар майдони 4 ҳектор токзорҳои нав бунёд карда шуд. Дар маҷмуъ дар тамоми шаҳру навоҳии вилояти Суғд 13 ҳазору 661 ҳектор токзор мавҷуд аст, ки 12 ҳазору 531 ҳектораш ҳосил медиҳад.

Гуфтанист, дар соли 2023 вилояти Суғд  дар ҳаҷми 157,4 ҳазор тон маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 40,7 милён долар ба бозорҳои хориҷӣ содир кард, ки дар қиёс ба соли 2022  24,3 ҳазор тон зиёд аст.

Аз ҷумла соли 2023 вилояти Суғди Тоҷикистон ба маблағи 30,7 милён долар хушкмева ба хориҷ содир кардааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед