Ru  | Tj
Меҳмонхона, толори варзиш ва боғча. Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе чандин иншоотро ифтитоҳ кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Меҳмонхона, толори варзиш ва боғча. Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе чандин иншоотро ифтитоҳ кард
Акс: Интернет

Меҳмонхона, толори варзиш ва боғча. Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе чандин иншоотро ифтитоҳ кард

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе ба фаъолияти чандин иншооти таъиноти гуногун, ки аз сӯи соҳибкорон бунëд ëфтаанд, оғози расмӣ бахшид.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, имрӯз Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе чандин иншооти аз сӯи бахши хусусӣ бунëдëфтаро ифтитоҳ намуд.

Манбаъ мегӯяд, имрӯз бо ҳузури Президент дар пойтахти кишвар меҳмонхонаи "Румӣ", толори варзишии "Кохи Олимп", муассисаи  томактабии "Закия" ва бинои иловагии таълимии гимназияи хусусии "Кафолат" ба баҳрабардорӣ расиданд.

Гуфта мешавад, меҳмонхонаи чорситорадори "Румӣ" бо тарҳи муосир ва мутобиқ ба санъати меъмории миллӣ бунёд шуда, дорои 84 ҳуҷраи люкс ва стандартӣ барои 168 нафар мебошад.

Муассисаи томактабии "Закия" аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани 140 нафар кӯдакон пешбинӣ шудааст.

Толори "Кохи Олимп", ки онро манбаъ чун кохи муҳташами варзишӣ зикр мекунад, аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Сафед-дара» бо харҷи 12 миллион сомонӣ бунëд ëфта, толори асосии он барои машқу тамрин ва баргузории мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ пешбинӣ гардидааст.

Бинои иловагии гимназияи хусусии "Кафолат" иборат аз 18 синфхона буда, барои 432 хонанда дар як баст сохта шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳру навоҳии кишвар иншооти таъиноти гуногунро ифтитоҳ мекунад. 

Дар Тоҷикистон шарикии бахши хусусӣ бо мақомоти давлатиро яке аз омилҳои аслие медонанд, ки ба рушди иқтисоди миллӣ замина мегузорад.



Рустами Эмомалӣ барои гузаронидани мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштин 2 миллион сомонӣ ҷудо кард


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед