Ru  | Tj
Медали ҷашнии "30-солагии Истиқлолият" дар Тоҷикистон таъсис дода мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Медали ҷашнии "30-солагии Истиқлолият" дар Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Расм аз "Вечёрка"

Медали ҷашнии "30-солагии Истиқлолият" дар Тоҷикистон таъсис дода мешавад

Нашр шуд

Дар Тоҷикистон, ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ медали ҷашнӣ таъсис дода мешавад.  

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунро мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Тоҷикистон, қисми 2, моддаи 8 ва моддаи 21 Қонуни «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»- медали ҷашнии «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур дар Ҷаласаи навбатии Маҷлиси Олӣ баррасӣ шуд. 

Медали ҷашнии “30 солагии Истиқлолият” ба шахсоне супорида  мешавад, ки солҳои дароз дар рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати 30 сол саҳми беандоза доранд супорида мешавад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ният дорад, ки имсол 30-солагии Истиқлолияти давлатиро бо шукуҳу  таҷлил кунад.
Бояд қайд кунем, ки шаҳри Душанбе имсол макони баргузории як қатор чорабиниҳои сиёсии давлативу байналмилалӣ аз қабили 30 солагии Истиқлолият, ҷаласаи СААД, 20-солагии СҲШ ва Ассамблеяи Байнипарлумонӣ мегардад.

Ним моҳи истироҳатӣ дар моҳи март дар Тоҷикистон


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед