Ru  | Tj
Медведев: Муколамаи Маскав ва Душанбе омили калидии амнияти Осиёи Марказӣ аст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Медведев: Муколамаи Маскав ва Душанбе омили калидии амнияти Осиёи Марказӣ аст
Акс: Аз манбаъҳои боз

Медведев: Муколамаи Маскав ва Душанбе омили калидии амнияти Осиёи Марказӣ аст

Нашр шуд

Раиси ҳизби «Русияи воҳид» изҳори умедворӣ кард, ки ҳамкориҳои созанда миёни «Русияи воҳид» ва Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон идома хоҳад ёфт.

Муколамаи Маскаву Душанбе бар пояи дӯстии озмудашудаи мардуми ду кишвар асос ёфта, омили калидии таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ мебошад. Дар ин бора Дмитрий Медведев, раиси ҳизби «Русияи воҳид» дар паёмаш ба раисҷумҳур ва раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ), Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати баргузории Анҷумани XV ҲХДТ изҳори назар кардааст.

Анҷумани ҲХДТ рӯзи 18 декабр баргузор шуд, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон дубора раиси ин ҳизб интихоб гардид. Медведев дар паёми худ Раҳмонро ба муносибати баргузор шудани анҷуман табрик гуфта, таъкид кард, ки қарорҳои дар он қабулшуда ба рушди минбаъдаи Тоҷикистон такони ҷиддӣ мебахшанд.

"Муколамаи Маскав ва Душанбе дар руҳияи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ ба дӯстии озмудашудаи мардумони кишварҳои мо асос ёфта, омили калидии таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ мебошад", - омадааст дар паёми Дмитрий Медведев.

Медведев дар номаи табрикии худ, изҳори умедворӣ кард, ки ҳамкориҳои созанда миёни «Русияи воҳид» ва Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар асоси созишнома дар бораи ҳамкорӣ аз 26 феврали соли 2017 идома хоҳанд дошт.

Дар Анҷуман муовинони раиси ҲХДТ иваз шуда, Маликшо Неъматзода ба ҷойи Абдуҷаббори Азизӣ муовини якум, Абдуллозода Умеда Бекмурод ва Каримзода Мирзоқосим ба ҷои Хайриниссо Юсуфӣ ва Асрор Латифзода муовинони раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед