Ru  | Tj
Миҷгона Самадова дар Ҷоми ҷаҳонии бокс медали тилло гирифт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Миҷгона Самадова дар Ҷоми ҷаҳонии бокс медали тилло гирифт
Акс: Озодӣ

Миҷгона Самадова дар Ҷоми ҷаҳонии бокс медали тилло гирифт

Нашр шуд

Миҷгона Самадова дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс иштирок намуда, дар даври финалии муҳориба бар ҳарифи худ аз Муғулистон, Мунгунсаран Балсан дастболо шуд.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Миҷгона Самадова дар давраҳои қаблӣ Мишидма Эрденеделай, муштзан аз Муғулистон, Моника Серафин, варзишгар аз Лаҳистон ва дар даври нимфинал Малика Шаҳидова, намоянда аз Русияро шикаст дод.

Миҷгона Самадова ба ҷуз аз медали тилло, инчунин ҷоизапулӣ низ гирифтааст.

Ба таъкиди манбаъ, аз рӯзи 7-ум то 11-уми декабр дар Федератсияи Русия мусобиқаи байналмилалии "Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нефт" баргузор гардид, ки дар он аз Тоҷикистон 7 варзишгар бо ҳарифони худ аз дигар давлат қувваозмоӣ намуданд.

Зикр мегардад, ки Акбаралӣ Абдураҳмонзода, Абдураҳмон Ёқубов, Шамшер Саидов, Наврӯз Ҷафоев, Сулаймон Нидоёров ва Шоира Зулқайнарова, шаш варзишгари дигари тоҷик дар бозиҳои нахусти хеш шикаст хӯрданд.

Миҷгона Самадова донишҷӯи Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мебошад. Ӯ соли 2016 дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба “Таэквандо- ИТФ” дар Италия сазовори медали биринҷӣ ва соли 2017 дар 5-умин Бозиҳои осиёӣ дар Ашқобод медали тилло ба даст овардааст.

Паҳлавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо иштирок менамоянд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед