Ru  | Tj
Миҷгонаву Моҳрӯ, Сомону Далер. Даҳ варзишгари беҳтарини солро интихоб карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Миҷгонаву Моҳрӯ, Сомону Далер. Даҳ варзишгари беҳтарини солро интихоб карданд
Акс: ASIA-Plus

Миҷгонаву Моҳрӯ, Сомону Далер. Даҳ варзишгари беҳтарини солро интихоб карданд

Нашр шуд

Феҳристи даҳгонаи беҳтарин варзишгарони тоҷик дар соли гузашта аз сӯи Анҷумани рӯзноманигорони риштаи варзиши Тоҷикистон ба нашр расид.

Ба гуфтаи Нарзулло Латифов, Феҳристи даҳгонаи беҳтаринҳои варзиши тоҷик бар асоси назарҳои шореҳони варзишӣ таҳия гардида, шоми дирӯз интишор ёфт ва ба он намояндагони панҷ намуди варзишӣ дохил шуданд.

Тибқи интихоби Анҷумани рӯзноманигорони риштаи варзиши Тоҷикистон Темур Раҳимов, Комроншоҳи Устопириён, Сомон Маҳмадбеков (аз риштаи ҷудо), Миҷгона Самадова, Баҳодур Усмонов, Шаббос Неъматуллоев (бокс), Акмалиддин Каримов, Хушназар Хушқадам Хусравов (самбо), Далер Ризозода (гӯштини юнониву румӣ) ва Моҳрӯ ҲАЛИМОВА (таэквондо ВТФ) беҳтарин варзишгарони кишвар буданд.

Латифов ҳамчунин афзуд, ки Темур Раҳимов дар намудҳои олимпӣ, Акмалиддин Каримов дар намудҳои ғайриолимпӣ ва Миҷгона Самадова миёни занон чун беҳтарин варзишгари сол эътироф гардиданд.

Ин дар ҳолест, ки имсол барои варзишгарони тоҷик соли он қадар бобарор ҳам набуд. Аз ҷумла, ягон варзишгари тоҷик натавонист дар Олимпиадаи Токио медал ба даст оварад.

Тоҷикистон ин навбат миёни кишварҳои собиқ ИҶШС ягона кишваре буд, дар олимпиада шаҳди пирӯзӣ начашид.

Ёдовар мешавем, ки дар 32-юмин Бозиҳои тобистонаи олимпӣ, ки аз 23-юми июл то 8-уми август дар Ҷопон баргузор гардид, кишвари моро дар чор ришта даҳ варзишгар: Усмонов Баҳодур, Негматуллоев Шаббос, Зуҳуров Сиёвуш (бокс), Маҳмадбеков Сомон, Муродов Акмал, Устопириён Комроншоҳ, Раҳимов Темур (ҷудо), Аҳмадиев Илдар (варзиши сабук), Тюрина Анаста намояндагӣ карданд.

Меҳронаи 6-сола варзишгари ҷаҳонӣ шудан мехоҳад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед