Ru  | Tj
Миëни Осорхонаҳои миллии Тоҷикистону Саудӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо мерасад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Миëни Осорхонаҳои миллии Тоҷикистону Саудӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо мерасад
Акс: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Миëни Осорхонаҳои миллии Тоҷикистону Саудӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо мерасад

Нашр шуд

Зеваршо Иброҳимзода, Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва  Сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон ар-Рушайдон масоили рушди ҳамкориҳои фарҳангии ду кишварро баррасӣ намуданд.

Ба гузориши хабаргузории "Ховар", дирӯз Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон ар-Рушайдон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид кардаву бо роҳбари ин муассиса мулоқот анҷом додааст.

Манбаъ меафзояд, дар ин дидор тарафҳо масоили табодули таҷрибаи осорхонавӣ, тармиму таҳкими ашёи нодир, таҳия ва чоп намудани феҳристи ёдгориҳои нодири осорхона бо забонҳои тоҷикӣ ва арабӣ, ташкил ва баргузории намоишҳои муваққатӣ дар Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ва омода намудани мутахассисон дар соҳаи тармиму консерватсияро баррасӣ кардаанд.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон бо Арабистони Саудӣ дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла дар заминаи фарҳанг робитаҳои густарда дорад.

Моҳи майи соли 2018 Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон баргузор гардида буд.

Дар «Кӯлоб-2022» ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ асноди ҳамкорӣ ба имзо расиданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед