Ru  | Tj
Мирзиёев қариб 3 ҳазор воҳиди кории роҳбарӣ дар сохторҳои давлатиро ихтисор кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Мирзиёев қариб 3 ҳазор воҳиди кории роҳбарӣ дар  сохторҳои давлатиро ихтисор кард
Акс: аз манбаъҳои боз

Мирзиёев қариб 3 ҳазор воҳиди кории роҳбарӣ дар сохторҳои давлатиро ихтисор кард

Нашр шуд

Шумораи кормандони роҳбарикунандаи мақомоти давлатӣ дар Узбекистон 2949 адад кам шуд. Ҷадвали нави воҳидҳои корӣ ҳамчун замимаи фармони раисҷумҳури Узбекистон, Шавкат Мирзиёев аз рӯзи 22 октябр пешниҳод шудааст.

Дар ин санад зикр мешавад, ки ислоҳоти кам кардани шумораи мансабдорон асосан ба вазорату идораҳое, ки ба блоки иқтисодӣ шомиланд, дахл мекунанд.

То содир шудани фармони дар боло зикршуда шумораи умумии кормандони сохторҳои давлатии ҳокимияти иҷроияи Узбекистон 56509 ададро ташкил медод. Ҳоло шумораи онҳо то ба 53560 нафар кам шудааст, ки 49105 нафар аз ҳисоби буҷет ва 4455 нафар аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷетӣ маош мегиранд.

Тибқи тағйирот, шумораи кумитаҳо ва идораҳои давлатӣ дар Узбекистон як воҳид зиёд шуда, аммо ду нозирот барҳам дода шуд.

Ҳамин тариқ, ҳоло дар Узбекистон 70 мақомоти иҷроияи ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла 21 вазорат, 26 оҷонсӣ, 14 кумита ва 9 идораи нозирот мавҷуд аст.

Гуфта мешавад, ки аз ҷумла зимни ин ислоҳот 1416 нафар корманди Вазорати шуғли аҳолӣ ва коҳиши камбизоатӣ ихтисор шуда, шумораи кормандони ин ниҳод то 3234 нафар коҳиш ёфтааст. Инчунин 336 нафар корманди Вазорати сармоягузорӣ, саноат ва савдо ва 580 нафар кормандони Вазорати иқтисод ва молияи Узбекистон низ ихтисор карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар моҳи январи соли гузашта низ ҳамин гуна ислоҳот дар Узбекистон сурат гирифт, ки дар натиҷа ҳудуди 17,5 ҳазор нафар ё 24%-и шумораи умумии кормандони ниҳодҳои давлатӣ дар ин кишвар ихтисор шуданд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед