Ru  | Tj
Мишустин бо ҳамтоёнаш аз ИДМ ва ИИАО мулоқот хоҳад кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Мишустин бо ҳамтоёнаш аз ИДМ ва ИИАО мулоқот хоҳад кард
Акс: Аз манбаъҳои боз

Мишустин бо ҳамтоёнаш аз ИДМ ва ИИАО мулоқот хоҳад кард

Нашр шуд

Рӯзҳои 12-13 декабр дар Маскав мулоқоти нахуствазирони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баргузор мешавад. Дар ин бора хадамоти матбуоти ҳукумати Русия хабар медиҳад.
«Рӯзҳои 12-13 декабри соли 2024 дар шаҳри Маскав сарвазири Русия, Михаил Мишустин дар ҷаласаҳои Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Шӯрои байниҳукуматии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё иштирок мекунад», - омадааст дар хабар.
Ҷаласаи сарвазирони ИДМ таҳти раёсати Русия баргузор мешавад. Дар рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ дар фазои иттиҳод пешбинӣ шудаанд.
«Дар ҷаласаи Шурои байниҳукуматии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамгироии иқтисодӣ дар доираи созмон баррасӣ мешавад. Инчунин ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, саноат ва рушди тиҷорати электронӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад», - хабар медиҳад ҳукумати Русия.
Бояд гуфт, ки ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон шомиланд. Ҳамзамон ин кишварҳои узви ИДМ мебошанд.

Ба ИДМ бошад 11 кишвар - Арманистон, Беларус, Озарбойҷон Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Украина шомил ҳастанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед