Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Мишустин: Русия кишварҳои ИДМ-ро шарик ва ҳампаймони асосии худ медонад
Нашр шуд
Сарвазири Русия таъкид кард, ки талошҳои муштараки кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил "имкониятҳои нав барои рушдро фароҳам меорад".
Кишварҳои ИДМ шарикони асосӣ ва ҳампаймонони наздиктарини Русия мебошанд, ки ин муносибатҳои хуб натиҷаи чандинсолаи кор мебошад. Дар ин бора Михаил Мишустин, сарвазири Русия дар мусоҳиба бо "Российская газета" изҳор дошт, менависад ТАСС.
"Кишварҳои иттиҳод барои Русия <...> шарикони калидӣ ва ҳампаймонҳои наздиктарин ҳастанд ва тавсеаи равобити тиҷоратӣ ва гуманитарӣ байни кишварҳои ҳамсоя як раванди табиист",- гуфт сарвазири Русия дар посух ба савол дар бораи аҳамияти муттаҳидшавӣ.
Дар идома таъкид мешавад, ки аз рӯи натоиҷи семоҳаи сеюми соли ҷорӣ Русия дар ҳаҷми муомилоти тиҷоратӣ бо Беларус (52,7%) ва Арманистон (41,1%) ҷойи аввал ва дар савдо бо Қазоқистон (18,7%), Узбекистон (18%), Қирғизистон (23%) ҷойи дуюмро ишғол кард.
Гуфтанист, дар ҳоли ҳозир Арманистон, Беларус, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Украина узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳастанд.

"Бисёре аз он чизе, ки мо одат кардаем, онро дар муносибатҳои худ бо шарикон дар ИДМ одӣ қабул кунем, ин натиҷаи кори чандинсола дар доираи иттиҳод аст", - афзуд Мишустин.Дар ин робита Мишустин аз дастовардҳои муҳими Русия дар чаҳорчӯби ҳамкорӣ бо кишварҳои муштаракулманофеъ ёдовар шуд. Ба гуфтаи вай ҳиссаи кишварҳои ИДМ дар савдои хориҷии Федератсияи Русия то 16,2 дарсад ва гардиши савдои мутақобила дар моҳҳои январ-сентябри соли 2024 беш аз 11 дарсад афзуд.
Дар идома таъкид мешавад, ки аз рӯи натоиҷи семоҳаи сеюми соли ҷорӣ Русия дар ҳаҷми муомилоти тиҷоратӣ бо Беларус (52,7%) ва Арманистон (41,1%) ҷойи аввал ва дар савдо бо Қазоқистон (18,7%), Узбекистон (18%), Қирғизистон (23%) ҷойи дуюмро ишғол кард.
"Русия бузургтарин таъминкунандаи кишварҳои ИДМ боқӣ монда, онҳоро бо молу захираҳои зарурӣ барои рушди устувор таъмин мекунад ва ҳамчун бузургтарин иқтисоди минтақа бозори қобили таваҷҷуҳ аст", - таъкид кард раиси ҳукумати Русия.Мишустин дар робита ба ҳамкориҳои муштарак бо кишварҳои муштаракулманофеъ, асноди қабулшударо дар соҳаи энергетика, нақлиёт, моликияти зеҳнӣ, инчунин чорабиниҳое, ки дар кишварҳои ИДМ дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг ва варзиш баргузор мешаванд, ишора кард.
Гуфтанист, дар ҳоли ҳозир Арманистон, Беларус, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Украина узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳастанд.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед