Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Миёни донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Беларус 25 созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид
Нашр шуд
Дар севумин ҳамоиши раҳбарони донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Белорус дар Душанбе 12 раиси донишгоҳу донишкадаҳои Беларус иштирок намуданд.
Рӯзи 27 ноябр дар Душанбе, ҳамоиши сеюми байналмилалии раисони донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Беларус дар мавзӯи “Маориф ҳамчун омили муҳим дар таҳкими робитаҳои дуҷонибаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус” баргузор гардид.
Дар ҳамоиши мазкур раҳбарони мактабҳои олии Тоҷикистон ва 12 нафар раисони донишгоҳу донишкадаҳои Беларус иштирок намуданд. Дар ин бора Донишгоҳи технологии Тоҷикистон иттилоъ дод.
Зимни суханронӣ раҳбарони донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Белорус дар мавриди ҳамкориҳо дар соҳаи илму маориф ҳарф зада, нақши ҳамоиши навбатиро дар рушди илму маорифи ҳарду кишвар муҳим арзёбӣ карданд.
Дар ин ҳамоиши мавзуъҳои дурнамои ҳамкориҳо дар бахши информатика ва радиоэлектроника, ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳҳои ду кишвар, фаъолияти факултети муштараки Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии техникии Беларус ва муҳандисии рақамӣ дар таҳсилот ва илм баррасӣ гардид.
Пас аз анҷоми ҷаласа 25 созишномаи нави ҳамкорӣ байни донишгоҳу донишкадаҳои ду кишвар ба имзо расид.
Ёдовар мешавем, ки солҳои 2022-2023 ҳамоиши якум ва дуюм дар шаҳрҳои Душанбе ва Минск баргузор гардид, ки дар доираи он 51созишномаи ҳамкорӣ байни донишгоҳу донишкадаҳои Тоҷикистон ва Белорус ба имзо расида буд.
Дар доираи санадҳои баимзорасида ҳамасола табодули академии донишҷӯёну омӯзгорон сурат гирифта, ҳамоиш, конфронс, семинар ва мизҳои мудаввари илмӣ гузаронида мешаванд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед