Ru  | Tj
Миёни донишгоҳҳои Тоҷикистону Покистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Миёни донишгоҳҳои Тоҷикистону Покистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Миёни донишгоҳҳои Тоҷикистону Покистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд

Нашр шуд

Дар доираи сафари расмии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Исломобод ва пас аз мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон миёни макотиби олии ду кишвар созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд. 

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар ҳузури Сарони ду давлат созишномаи ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Индуси Покистон, ёддошти ҳуснти тафоҳум байни Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии забонҳои муосири Исломобод ва тафоҳумнома оид ба ҳамкории илмӣ ва таҳсилотӣ миёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии COMSATS- И Покистон ба имзо расидааст.

Манбаъ иттилоъ додааст, ки ҳамчунин дар ин маросим 11 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расида, пас анҷоми он Сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Имрон Хон барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ оростаанд. 


Тоҷикистон ва Украина: гуфтугӯи маҷозии вазирони корҳои хориҷии кишварҳо


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед