Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Миёни Душанбеву Боку Созишнома оид ба муносибатҳои бародаршаҳрӣ имзо шуд
Нашр шуд
Созишнома дар шаҳри Боку зимни мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Элдар Азизов имзо шудааст.
Тавре Маҷлиси миллӣ хабар медиҳад, рӯзи 3-юми марти соли 2022 Рустами Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, Раиси шаҳри Душанбе дар ҳошияи сафари корӣ дар Озарбойҷон бо Элдар Азизов, Раиси шаҳри Боку вохӯрӣ анҷом додааст.
Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот ҳолати феълӣ ва дурнамои муносибатҳои байни пойтахтҳои Тоҷикистон ва Озарбойҷонро ба баррасӣ кашидаанд.
Гуфта мешавад, ки байни Рустами Эмомалӣ ва Элдар Азизов перомуни масоили густариши ҳамкориҳои Душанбеву Боку дар самти пешбурди фаъолияти тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ мубодилаи афкор сурат гирифтааст.
Ҳамчунин, тарафҳо ба мувофиқа расидаанд, ки байни субъектҳои хоҷагидории шаҳрҳо табодули таҷриба ба роҳ монда шавад.
Таъкид мегардад, ки дар анҷоми мулоқот аз ҷониби Рустами Эмомалӣ ва Элдар Азизов Созишнома оид ба барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳри Душанбе ва шаҳри Боку имзо шудааст.
Қобили зикр аст, ки чанде пеш Маҳмадтоир Зокирзода, Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон арз дошта буд, ки Тоҷикистону Озарбойҷон дорои манфиатҳои дуҷонибаи сиёсӣ ҳастанд ва Душанбе ҷиҳати тавсеа додани ҳамкорӣ бо Боку таваҷҷӯҳи хосае дорад.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед