Ru  | Tj
Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва UNODC барномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва UNODC барномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид
Акс: Интернет

Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва UNODC барномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид

Нашр шуд

Кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Дафтари СММ дар умури мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) барномаи нави ҳамкорӣ имзо намуданд. 

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, «Барномаи нави Дафтари СММ дар умури мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ”, ки дирӯз дар Тошканд ба имзо расид, давоми солҳои 2022-2025 амалӣ мегардад. 

Манбаъ мегӯяд, Музаффар Ҳусейнзода, муовини Вазири корҳои хориҷӣ дар раъси ҳайати расмии Тоҷикистон дар маросими имзои ин барнома дар Тошканд ҳузур доштааст. 

Вазорат меафзояд, Ҳусейнзода зимни суханронӣ дар ин маросим аз сатҳи ҳамкории Тоҷикистон бо UNODC дар амри мубориза бо хатарҳои амниятие чун терроризму ифротгароӣ, ҷиноёти муташаккили фаромиллӣ ва қочоқи маводи мухаддиру одамфурӯшӣ изҳори қаноатмандӣ кардааст. 

Ҳусейнзода таъкид доштааст, ки нақши Созмони милал ва ниҳодҳои вижаи он ҷиҳати пешгирӣ аз зуҳуроти номатлуби ҷиноӣ, аз ҷумла ба воситаи пешниҳоди кӯмакҳои фаннӣ, бисёр муҳим аст. 

Қаблан моҳи июл, дар пайи ташаннуҷи авзоъ дар Афғонистон Ашита Миттал, намояндаи минтақавии Дафтари СММ дар умури мубориза бо маводи мухадир ва ҷинояткорӣ (UNODC) барои Осиёи Марказӣ  гуфта буд, ки онҳо барои расонидани кӯмакҳои техникӣ ба марзбонони тоҷик ҷиҳати тақвияти ҳифзи марз бо Афғонистон омода ҳастанд. 

Моҳи майи имсол Ашита Миттал бо як сафари корӣ ба Душанбе омада ва бо мақомоти  расмии Тоҷикистон мулоқотҳо ҳам карда буд. 


Раиси Маҷлиси намояндагон: Тоҷикистон ба рушди равобит бо Озарбойҷон таваҷҷуҳи доимӣ дорад




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед