Ru  | Tj
Миёни соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистону АМА шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Миёни соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистону АМА шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Акс: Sputnik

Миёни соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистону АМА шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд

Нашр шуд

Дар шаҳри Дубай миёни доираҳои соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Арабӣ чанд санади нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Ба иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ин асноди нави ҳамкорӣ дар доираи Ҳамоиши соҳибкорону сармоягузорони ду кишвар имзо шудаанд.

Гуфта мешавад, ин ҳамоиш дар ҳошияи баргузории Рӯзи миллии Тоҷикистон дар намоишгоҳи “EXPO – 2020” баргузор шудааст ва дар он Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода ва котиби генералии Федератсияи палатаҳои савдо ва саноати АМА Ҳумайд бин Салим суханронӣ кардаанд.

Манбаъ дар бобати асноди нави имзошуда тавзеҳ надодааст, аммо афзудааст, ки дар ин ҳамоиш зарфиятҳо, бахшҳо ва лоҳаҳои авлавияти сармоягузорӣ ба Тоҷикистон муаррифӣ шудаанд.

Зикр шудааст, ки дар ин ҳамоиш дар маҷмӯъ беш аз 140 нафар аз кормандони ниҳодҳои расмии ду кишвар ва соҳибкорону сармоягузорон ширкат намудаанд.

Бояд гуфт, ки 22-юми декабр дар «ЭКСПО 2020» дар Дубай Рӯзи миллии Тоҷикистон баргузор гардида буд. Дар ин маросим Давлаталӣ Саид, муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон, Суҳайл бин Муҳаммад ал-Мазруӣ, Вазири энергетика ва инфрасохтори Аморот ва Наҷиб Муҳаммад ал- Алӣ, мудири иҷроияи Дафтари Комиссари генералии «ЭКСПО 2020» дар Дубай ширкат ва суханронӣ намуданд.

«ЭКСПО - 2020» поёни моҳи сентябри соли ҷорӣ дар маҷмааи «Ал- Васл»-и Дубай оғоз ёфта, шаш моҳ идома меёбад. Қаблан Палатаи савдо ва саноат гуфта буд, ки то 1-уми декабр беш аз 200 ҳазор нафар аз гӯшаи Тоҷикистон дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ дидан кардаанд ва аксари онҳо шаҳрвандони Ҳиндустон, Олмон, Фаронса ва Арабистони Саудӣ будаанд.

Шартномаи бонкҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед