Ru  | Tj
Миёни сохторҳои қудратии Тоҷикистон ва Қирғизистон гурӯҳҳои кории фаврӣ таъсис дода мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Миёни сохторҳои қудратии Тоҷикистон ва Қирғизистон гурӯҳҳои кории фаврӣ таъсис дода мешавад
Акс: Sputnik

Миёни сохторҳои қудратии Тоҷикистон ва Қирғизистон гурӯҳҳои кории фаврӣ таъсис дода мешавад

Нашр шуд

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон равобити дуҷонибаи ду кишварро баррасӣ намуданд.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон, вазири корҳои хориҷии ин кишвар Руслан Казакбаев 21-уми ноябр ҷиҳати иштирок дар мубоҳисаи "Иттиҳоди Аврупо-Осиёи Марказӣ" ба Тоҷикистон ташриф овард.

Ба шарҳи манбаъ, дар рафти вохӯрӣ оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон мубоҳиса сурат гирифта, дурнамои рушди минбаъдаи фаъолияти муштараки мутақобилан судманди ин ду кишвар арзёбӣ гардид.

Гуфта мешавад, ки бо мақсади ҳалли босамари вазифаҳои афзалиятнок ва қавитар намудани ҳамкориҳои дуҷониба зарур аст, ки самаранокии кор дар доираи Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатӣ, Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ду кишвар, гурӯҳҳои вакилони парлумонӣ, Қирғизистону Тоҷикистон, комиссияҳои байниҳукуматӣ оид ба баррасии ҳамаҷонибаи масъалаҳои дуҷониба ва делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Қирғизистону Тоҷикистон, инчунин машваратҳои байниидоравӣ дар сатҳи муовинони вазирони корҳои хориҷӣ  баланд бардошта шавад.

Зикр мегардад, ки дар мулоқот таваҷҷӯҳи махсус ба масъалаи ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрванди Тоҷикистону Қирғизистон зоҳир гардид. Дар ин росто, ҷониби Қирғизистон пешниҳод намудааст, ки бо ҷалби намояндагони мақомоти ваколатдори додситонӣ, низоми ҷазо, ниҳодҳои марзӣ машваратҳои консулӣ баргузор карда шаванд, инчунин анъанаи баргузор намудани ҷаласаҳои ҳамоҳангсозии мақомоти ваколатдори ду кишвар барқарор карда шавад.

Илова бар ин, Муҳриддин ва Казакбаев ба мувофиқа расидаанд, ки ҷиҳати ҳалли ҳарчи зудтари масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони ин ду давлат гурӯҳҳои кории фаврӣ миёни Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ таъсис дода шаванд.


Бузургтарин фурӯшгоҳи Душанбе бо ҳузури Президент ва Раиси шаҳр ифтитоҳ шуд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед