Ru  | Tj
Миёни театрҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Миёни театрҳои  Тоҷикистону Ӯзбекистон ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид
Акс: Интернет

Миёни театрҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид

Нашр шуд

Ёддошти ҳамкорӣ байни театрҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба хотири рушди муносибатҳои фарҳангии ин ду кишвар имзо шудааст. 

Чӣ тавре, ки Театри давлатии академии калони Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ иттилоъ медиҳад, ёддошти тафоҳум рӯзи 4-уми январи соли 2022 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон байни Театри давлатии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Театри давлатии академии калони Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ ба имзо расидааст.

Ба таъкиди манбаъ, ҳуҷҷати имзошуда созишномаи мутақобилан судманд буда, ба таҳкими муносибати дӯстонаи театрҳо мусоидат хоҳад намуд.

Гуфта мешавад, ки ёддошти тафоҳум ҷиҳати фаъолияти гастроли ҳунармандони ҳар ду ҷониб имкониятҳои васеъ фароҳам меоварад.

Ёдовар мешавем, ки муносибати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон соли 1992 барқарор шудааст.


Мавсума Муинӣ гуфт, ки имсол дар китобхонаҳои шаҳр чанд нафар китоб хондаанд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед