Ru  | Tj
Миёни Тоҷикистон ва Фонди иқлими сабз созишномаи ҳамкорӣ ба тасвиб мерасад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Миёни Тоҷикистон ва Фонди иқлими сабз созишномаи ҳамкорӣ ба тасвиб мерасад
Акс: Интернет

Миёни Тоҷикистон ва Фонди иқлими сабз созишномаи ҳамкорӣ ба тасвиб мерасад

Нашр шуд

Соли оянда миёни Тоҷикистон ва Фонди иқлими сабз тавофуқномаи ҳамкорӣ ба имзо мерасад. 

Ба иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зист, дар ҳошияи 26-умин Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар Глазго Баҳодур Шерализода бо Па Оусман Чарчу, директори минтақавии Фонди иқлими сабз мулоқот кард. 

Дар ин дидор масоили марбут ба татбиқи лоиҳаҳое, ки бо сармоягузории Фонди иқлими сабз дар Тоҷикистон амалӣ мешаванд ва ҳамчунин таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои авлавиятдошта ва ҷалби маблағгузории ин Фонд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Манбаъ мегӯяд, тарафҳо ба мувофиқа расидаанд, ки соли оянда миёни Тоҷикистон ва Фонди иқлими сабз Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расад ва ҳам дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои идоракунандагони ин Фонд баргузор шавад. 

Ҳамчунин, роҳбари Фонди иқлими сабз гуфтааст, ки ихтисоси маблағҳои грантии ин бунёд ба иҷрои лоиҳаҳои авлавияти иқтисоди Тоҷикистон бештар хоҳад шуд. 

Аз 1-ум то 12-юми ноябр дар шаҳри Глазгои Шотландия 26-умин Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим баргузор мешавад. 

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон низ дар ҷаласаи Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим 2-юми ноябр ба таври маҷозӣ суханронӣ кардаву таваҷҷуҳи кишварҳои ҷаҳонро ба масъалаи обшавии пиряхҳо ҷалб намуда буд. 

Раҳмон аз ҷумла гуфт, ки дар чанд даҳсолаи ахир аз се як ҳисса аз ҳаҷми умумии пиряхҳои Тоҷикистон, ки зиёда аз 60 фоизи захираҳои обии Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд, кам гардидаанд.


Тоҷикистону Қатар ҳамкориҳо дар заминаи ҳифзи муҳити зистро тақвият мебахшанд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед