Ru  | Tj
Миёни Тоҷикистон ва Миср се санади нави ҳамкорӣ имзо шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Миёни Тоҷикистон ва Миср се санади нави ҳамкорӣ имзо шуд

Миёни Тоҷикистон ва Миср се санади нави ҳамкорӣ имзо шуд

Нашр шуд

Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Миср таҳти раёсати вазирони иқтисоди ду кишвар баргузор гардид.

Ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва фаннии Тоҷикистон ва Миср таҳти роҳбарии вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқизода Завқӣ ва вазири банақшагирӣ, рушди иқтисодӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Миср хонум Рания Ал-Машат баргузор гардид. Дар ин бора Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар дод.

Ҳамзамон дар доираи ҷаласаи Комиссияи мазкур вохӯрии дуҷонибаи ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Миср ва ҳамоиши соҳибкорони ду кишвар низ сурат гирифт.

Дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ масъалаҳои рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, саноатӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ, маориф ва тандурустӣ миёни ду кишвар баррасӣ гардид. Дар ин ҷаласа ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки вобаста ба таъсиси корхонаҳои муштараки нассоҷӣ, дорусозӣ, пойафзолбарорӣ, масолеҳи сохтмонӣ бо ҷалби сармояи мустақим, инчунин соддагардонии расмиёти савдои тарафайн корбарӣ менамоянд.

Дар доираи ҷаласаи Комиссияи мазкур ҳайатҳои Тоҷикистону Миср се санади муҳим, аз ҷумла Ёддошти тафоҳуми ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Вазорати сармоягузорӣ ва савдои Миср, созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Миср дар заминаи ҳамкорӣ дар фаъолияти гумрукӣ ва Протоколи ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматии ду кишварро имзо карданд.




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед