Ru  | Tj
“Моро сахт ғамгин кард“. Эмомалӣ Раҳмон ба Владимир Путин паёми таслият фиристод

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

“Моро сахт ғамгин кард“. Эмомалӣ Раҳмон ба Владимир Путин паёми таслият фиристод
Акс: РБК

“Моро сахт ғамгин кард“. Эмомалӣ Раҳмон ба Владимир Путин паёми таслият фиристод

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба фалокати рухдода дар шахтаи “Листвяжная”-и вилояти Кемеревои Федератсияи Русия ба Владимир Путин паёми таслият ирсол кард. 

Хадамоти матбуоти Сарвари давлат хабар дод, ки имрӯз Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Русия Владимир Путин паёми таслият фиристодааст. 

Манбаъ меафзояд, дар паёми Президенти Тоҷикистон аз ҷумла омадааст, ки “хабари ҳалокати шумораи зиёди одамон бар асари таркиши гази метан дар шахтаи “Листвяжная”-и вилояти Кемерево моро сахт ғамгин кард”.

Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамтои русаш хостааст, ки ҳамдардии мардуми тоҷик ва Ҳукумати кишварро ба бастагон  ва пайвандони қурбониёни ин фоҷеа расонад. 

Ҳамчунин, Президент ба осебдидагони ин фалокат шифои комилу оҷил хостааст. 

Субҳи рӯзи 25-уми ноябр дар шахтаи “Листвяжная”-и Беловои вилояти Кемерово бар асари таркиши гази метан таркиш ба вуқӯъ омада буд. Ба иттилои “РИА Новости”, айни замон 51 нафар  ҳамчун қурбонии ин фоҷеа эълон шудаанд ва ҳамчунин 49 нафари аз ин таркиш осебдида дар беморхонаҳо бистарӣ гардидаанд. 

Тибқи маълумоти пешакӣ сабаби сар задани ин фалокат риоят накардани талаботи бехатарӣ мебошад. 


Вазирони хориҷаи Тоҷикистону Русия қазияи рухдода дар Иркутскро таҳти назорат гирифтанд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед