Ru  | Tj
Муҳаммадхуҷа Ёқубов дар бокси касбии WBC аз мавқеаш дифоъ кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Муҳаммадхуҷа Ёқубов дар бокси касбии WBC аз мавқеаш дифоъ кард
Акс: Sputnik

Муҳаммадхуҷа Ёқубов дар бокси касбии WBC аз мавқеаш дифоъ кард

Нашр шуд

Муштзани моҳири тоҷик - Муҳаммадхуҷа Ёқубов дар қувваозмоӣ бо Кристиан Палма аз Чилӣ ғолиб баромада, мавқеаш - чемпиони WBC International дар вазни то 59 килоро нигоҳ дошт.

Навори разми Муҳаммадхуҷа бо Палма дар ютубканали "RCC: MMA&Boxing" нашр шуд. Дар навор дида мешавад, ки муштзани тоҷик ҳангоми муҳориба устувор буд, ҳаракати далерона кард ва бо усулҳои гуногун ба рақибаш ҳамла намуд. Муштзани Чилӣ ҳарчанд ба Муҳаммадхуҷа ҳамла мекард, ба ҳадафаш расида натавонист.

Дар даври чаҳорум, Муҳаммадхуҷа ба рақибаш зарбаи бисёр зада, дар охири давр ӯро аз пой афтонд.

Дар даври панҷум Кристиан Палма аз давом додани қувваозмоӣ даст кашид. Ба ҳамин минвол Ёқубов пирӯз шуд.

Муҳаммадхуҷа 31-уми марти соли 1995 дар Исфара таваллуд шудааст. Ӯ айни ҳол дар Екатеринбург сукунат дошта, дар чорабиниҳои варзишӣ аз номи Русия баромад мекунад.



6 тилло ва 4 нуқра. Варзишгарони тоҷик дар нахустин Бозиҳои кишварҳои ИДМ 10 медал гирифтанд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед