Ru  | Tj
Муҳоҷирони тоҷик ҳуқуқи гирифтани нафақаи Русияро пайдо карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Муҳоҷирони тоҷик ҳуқуқи гирифтани нафақаи Русияро пайдо карданд
Акс: Мигрант

Муҳоҷирони тоҷик ҳуқуқи гирифтани нафақаи Русияро пайдо карданд

Нашр шуд

Дар вақти ҳисоб кардани нафақа ҳам собиқаи корӣ дар Русия ва ҳам собиқаи корӣ дар Тоҷикистон ба инобат гирифта мешаванд.

Тавре АМИТ "Ховар" хабар медиҳад, Даврон Вализода, роҳбари Раёсати нафақаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ эълом доштааст, ки шаҳрвандони кишвари мо, ки дар Русия фаъолият доранд, баробари шаҳрвандони ин мамлакат ҳуқуқи гирифтани нафақаро доранд. 

Ҳамзамон, таъкид гаштааст, қарори дахлдор танҳо ба он муҳоҷироне дахл дорад, ки дар қаламрави Русия расман кор мекунанд.

Зимнан, Вализода қайд намудааст, ки Агантии суғурта бо мақсади рушди робитаҳо дар соҳаи нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ бо Қирғизистон ва Ӯзбекистон низ созишнома ҳамкорӣ бастааст.

Ёдрас мешавем, ки тарҳи шартнома байни Тоҷикистон ва Русия доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини нафақа бо ҷониби Русия мувофиқа шуда, бо Фармони раисҷумҳури Тоҷикистон аз 24-уми августи соли 2021 ба тасвиб расидааст.

Ҳамчунин, дар асоси созишномаи миёни кишварҳои ИДМ (аз соли 1999) ҳар шаҳрванде, ки дар ҳудуди давлати узви иттиҳод фаъолият мекунад, нафақаи ҳамон давлатро мегирад.


Муовини вазири меҳнат дар бораи имкони вуруд ба Русия ва нафақаи муҳоҷирон суханронӣ кард


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед