Ru  | Tj
Муҳриддин ба Гуттериш аз вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон гуфт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Муҳриддин ба Гуттериш аз вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон гуфт
Акс: Fergana News

Муҳриддин ба Гуттериш аз вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон гуфт

Нашр шуд

Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқот бо Дабири кулли СММ оид ба рӯйдодҳои ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон иттилоъ дода ва аксҳоеро, ки далели таҷовузи низомии Қирғизистонро собит мекунанд, манзур намуд.

Ба итттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, Сироҷиддин Муҳриддин дирӯз дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи «Ҳафтаи сатҳи баланд»-и иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Антониу Гуттериш дидору гуфтугӯ кард.

Гуфта мешавад, Муҳриддин ба Дабири кулли СММ аз ҳаводиси ахири дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рухдода муфассал хабар дода, маводҳои марбута, аз ҷумла навор ва аксҳоеро, ки далели таҷовузи низомии Қирғизистонро собит мекунанд, манзур намудааст.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъкид доштааст, Душанбе ҳеч гоҳ хостори ҳалли низомии масъалаи марз бо Қирғизистон набуд ва ҳамеша ба равиши сиёсиву дипломатӣ пойбанд мебошад.

Манбаъ меафзояд, масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва СММ, амнияти минтақа, вазъи Афғонистон ва чораҳои андешидаи Тоҷикистон дар самти расонидани кӯмакҳои башардӯстона ба ин кишвар аз дигар мавзуоти ин мулоқот будаанд.

Ҳамчунин, Гуттериш аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон истиқбол намуда, баҳри ҳамкории фарогир омодагии Созмони милалро иброз доштааст.

Бояд гуфт, қаблан маркази матбуоти Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон рӯзи 14-уми сентябр аз дубора ноором шудани вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон хабар дода буд. Манбаъ гуфта буд, ки тақрибан соати 7:15 дақиқаи 14-уми сентябр нерӯҳои қирғиз бе ягон сабаб, аз миномёт 4 гулӯла сӯи постгоҳи "Кех" парондаанд.

Давоми чанд рӯзи охир вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ноором боқӣ мондааст.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон қаблан хабар дода буд, ки бар асари зарбаҳо ба мошини ёрии таъҷилӣ, мактаб, масҷид ва хонаҳо аз ҷониби неруҳои Қирғизистон 28 сокини мулкӣ кушта шудаанд, ки миёнашон кӯдакону занони солхӯрда низ ҳастанд.

Гуфта мешавад, мақомоти расмии тарафҳо чанд бор дар мавриди оташбас ба тавофуқ расидаанд, аммо ҷониби Қирғизистон талаботи созиши оташбасро вайрон намуда, боз аз силоҳҳои гуногун ҷониби Тоҷикистон тирпаронӣ анҷом додааст.

Ҳамчунин, дар иттилоияе, ки дар саҳифаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар "Facebook" нашр шудааст, зикр мегардад, ки ҷониби Қирғизистон рӯзҳои охир ба хотири эҷоди симои «таҷовузкор» дар тимсоли ҳамсояи худ аз дурӯғу иғвоҳои рӯирост худдорӣ накарда, маъракаи иттилоотиро нисбат ба Тоҷикистон идома медиҳад ва бо ин васила ташаннуҷро дар манотиқи сарҳадӣ афзоиш медиҳад. 17-уми сентябр дар паёми худ ба мардум Президенти Қирғизистон дар робита ба Тоҷикистон вожаи «душман»-ро ба кор бурд, ки ба рӯҳияи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ мувофиқат намекунад.

Эмомалӣ Раҳмон: Таъмини амният бояд ҷузъи асосии фаъолияти СҲШ боқӣ монад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед