Ru  | Tj
Муҳриддин бо мушовири Байден ва намояндаи вижаи Амрико дар Тошканд дидор намуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Муҳриддин бо мушовири Байден ва намояндаи вижаи Амрико дар Тошканд дидор намуд
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муҳриддин бо мушовири Байден ва намояндаи вижаи Амрико дар Тошканд дидор намуд

Нашр шуд

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Тошканд бо Элизабет Шервуд - Рэндалл ва Залмай Халилзод мулоқот ва масоили марбут ба густариши равобити Душанбеву Вашингтонро баррасӣ кард.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, 15-уми июл Сироҷиддин Муҳриддин дар пойтахти Ӯзбекистон бо мушовири Президенти Амрико оид ба амнияти дохилӣ Элизабет Шервуд-Рэндалл ва Залмай Халилзод, намояндаи вижаи ин кишвар барои сулҳ дар Афғонистон дидору мулоқот анҷом дод.

Манбаъ мегӯяд, дар ҷараёни ин гуфтугӯ масъалаҳои марбут ба муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистону Амрико дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ, мубориза бо COVID-19 табодули афкор сурат гирифт.

Тарафҳо ҳамчунин густариши ҳамкориҳои минтақавӣ, муқовимат бо терроризми байналмилалию ифротгароӣ ва вазъи амниятӣ дар Афғонистонро баррасӣ карданд.

Ин мулоқот дар ҳошияи баргузории Конфронси байналмилалии “Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: пайвастшавии минтақавӣ. Мушкилот ва имкониятҳо” сурат гирифт. Сироҷиддин Муҳриддин, ки барои ширкат дар ин конфронс ба Тошканд рафтааст, ҳамчунин дар вохӯрии роҳбарони ҳайатҳо дар қолаби С5+1 иштирок намуд ва ҳам бо ҳамтоёни худ аз Арабистони Саудӣ ва Турманистон дидор анҷом дод.

Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон дидор намуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед